Даври дувуми музокироти Русия ва Украина имрӯз баргузор мешавад
(last modified Thu, 03 Mar 2022 15:05:07 GMT )
Март 03, 2022 20:05 Asia/Dushanbe
  • Даври дувуми музокироти Русия ва Украина имрӯз баргузор мешавад

Дастёри раиси Ҷумҳурии Русия эълом кард музокироти оташбаси Русия ва Украина имрӯз аср аз сар гирифта мешавад.

Гуфта мешавад замони дақиқи баргузории музокирот соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ аст.

Ин музокирот дар ҷои номаълум дар марзи Беларусия ва Лаҳистон ва дар макони мавриди тавофуқи ҳар ду тараф анҷом хоҳад шуд.

Ба гузориши Райтер, Михайил Падаляк, мушовири Владимир Зеленский раиси Ҷумҳурии Украина эълом кард: Як ҳайати украинӣ барои даври дуввуми музокирот бо Русия эъзом шуда аст.

Пеш аз ин хабаргузориҳои Русия низ гузориш дода буданд, ки музокиракунандагони рус интизор доштанд  мақомоти украинӣ барои оғози даври баъдии музокироти сулҳ субҳи панҷшанбе ба Беларусия бираванд.

Гуфта мешавад, Маскав қасд дорад Украинаро дар як амалиёти вижа ғайринизомӣ кунад.

Аз замони оғози амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина то кунун 498 сарбози украинӣ кушта ва ҳазору 597 тани дигар захмӣ шуданд.

Аз сӯи дигар бино ба эъломи Вазорати дифоъи Русия, ҳазору 612 таъсисоти низомӣ дар Украина то кунун мавриди ҳамла қарор гирифт ва 62 ҳавопаймоӣ украинӣ аз байн бурда шуда аст.

Ҳамчунин дар ҷараёни даргириҳои Русия ва Украина бино ба эъломи Созмони Миллали Муттаҳид то кунун беш аз як миллион нафар овора шуданд.

Дар пайи дархостҳои мақомоти минтақаи Донбасс аз Русия барои эъзоми кумакҳои низомӣ бар асоси мувофиқатномаҳои ҳамкорӣ, Владимир Путин раиси Ҷумҳурии Русия бомдоди панҷшанбе 24 феврал дар як суханронӣ дар телевизиони миллии ин кишвар аз оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Донбасс хабар дод.

Русия ин рӯзҳо ба далели ҳимоят аз рустаборҳои шарқи Украина ва низ ба расмият шинохтани истиқлоли манотиқи Донетск ва Луганск аз ин кишвар, ҳадафи таҳримҳои шадиди Амрико ва муттаҳидонаш қарор гирифта аст.