Март 06, 2022 11:39 Asia/Dushanbe
  • ДОИШ бо иқдомоти террористӣ дар Покистон ва Афғонистон, шиаёнро қурбонӣ мекунад
    ДОИШ бо иқдомоти террористӣ дар Покистон ва Афғонистон, шиаёнро қурбонӣ мекунад

Ҳамлаи террористӣ ба масҷиди шиаёни Покистон дар шаҳри Пешовар бо вокунишҳо ва маҳкумиятҳои бисёре мувоҷеҳ шуд.

Дар ҳамлаи террористҳои ДОИШ  ва тирандозӣ дар масҷиди ҷомеъи шиаёни  шаҳри Пешовар дар Покистон ҳангоми иқомаи намози ҷумъа, дастикам 62 намозгузор шаҳид ва ҳудӯди 200 тан маҷрӯҳ шуданд, ки ҳоли бархе аз онҳо вахим гузориш дода шудааст.

Имронхон нахуст вазири Покистон, иқдоми террористи дар масҷиди шиаёни  Пешовари ин кишарро маҳкум кард.

Саъид Хатибзода сухангӯи Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон низ ҳадаф аз ин ҳамлаи террористиро тафрақа байни мусалмонон донист ва онро маҳкум кард.

Шӯрои уламои шиаи Афғонистон бо сарзаниши ҳамлаи террористӣ ба масҷиди шиаён дар Пешовари Покистон, аз мусалмонон хост, ки бо ин офати бузург бо сурати ҷиддӣ мубориза карда ва нагузоранд, чеҳраи раҳмонии Ислом тавассути одамкушон ва бархе аз ҷараёнҳои иттилооти хароб шавад.

Дабири кулли Созмони ҳамкории      Исломӣ  низ ҳамлаи террористӣ ба намозгузорони шиаро маҳкум кард.

Ин вокунишҳо ва маҳкумиятҳо танҳо бахше аз мувоҷеҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қиболи куштор намозгузорони шиъа дар шаҳри Пешовари Покистон  ҳамлаи маргбор ва террористии ДОИШ будааст, ки масъулияти ин иқдоми ҷинояткоронаро пазирӯфтааст.

Доишиҳо дар Покистон, борҳо ҳамалоти террористии ҳадафманд зидди шиаён дар ин кишвар зимни куштори мардуми бегуноҳ, амалан ҷанги фирқаӣ ва мазҳабиро дар Покистон ташдид кардаанд.

Албатта амалоти террористии зиддӣ шиъаёни Покистон танҳо маҳдуд ба гурӯҳи ДОИШ намешавад ва дар солҳои ахир номи гурӯҳҳои мухталифи террористӣ аз ҷумла, Сипоҳи Саҳоба ва Лашкари ҷангҷӯй  ба унвони имилони иқдомоти ҷинояткорона ва маргбор алайҳи ақалияти шиаён дар Покистон ба чашм мехурд.

Ба рағми он, ки дар Покистон фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ҳамчун Сипоҳи Саҳоба ва Лашкари ҷангҷӯй мамнӯъ эълом шудааст, аммо ин гурӯҳҳо ва доишиҳо дар ин кишвар ҳамчунон ба куштори шиаён ва эҷоди ноамнӣ идома медиҳанд ва тадбир ва иқдоми хосе аз сӯйи давлат ва ниҳодҳои иттилоотӣ ва амниятии  Покистон зидди онҳо сурат нагирифтааст.

Густариши фаъолиятҳои зидди башарии ДОИШ дар Покистон дар ҳоле аст, ки ин гурӯҳ дар кишвари ҳамсоя, Афғонистон низ иқдомоти террористиро идома медиҳанд ва ҳамчунон шиаёнро қурбонӣ мекунанд.

Дар октябри 2021 ду ҳамлаи террористӣ ба намозгузорони шиа дар ду намози ҷумъа дар вилояти Қундуз ва Қандаҳори Афғонистон ,ки садҳо шаҳид ва маҷрӯҳ барҷо гузошт, иттифоқҳои густардаеро алайҳи давлати Толибон дар пай дошт.

Дар пайи ин ҳамалоти ҷинояткоронаи ДОИШ, уламои  шиаёни Афғонистон хостори таваҷҷӯҳи ҷиддии давлати Толибон ба масъулияти худ барои таъмини амниятӣ ҳамаи аҳади ҷомеъа аз ҷумла шиаёни ин кишвар шудаанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба он,ки ДОИШ душмани муштараке барои кишварҳои минтақа аз ҷумла Покистон ва Афғонистон маҳсуб мешванд, интизор меравад ин ду  кишвар барағми вуҷӯди бархе ихтилофот, аммо роҳбурдӣ муасир ва муштарак барои муқобилаи ҷамъи бо ин гурӯҳи террористӣ иттихоз кунанд.

Ин дидгоҳ бо таваҷҷӯҳ ба таъсирпазирии шуморе аз кишварҳо дар манотиқи мухталифи ҷаҳон аз иқдомоти ҷинояткоронаи ДОИШ вуҷӯд дорад то замоне,ки навъи иҷмоъи минтақавӣ ва байналмиллалӣ барои муқобилаи муасир бо гунаҳои мухталифи гурӯҳҳои террористӣ аз ҷумла ДОИШ ба вуҷӯд наояд, шароит ба ингуна тағир намекунад, ки мардум дар кишварҳои мухталиф дар ҷаҳон бо нигарониҳо ва дағдағаҳои камтаре ноши аз ноамнӣ зиндагӣ кунанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп