Март 06, 2022 18:57 Asia/Dushanbe
  • Иддаои Украина дар бораи кушта шудани ҳазорон низомии русӣ дар кишвар
    Иддаои Украина дар бораи кушта шудани ҳазорон низомии русӣ дар кишвар

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина муддаъии кушта шудани ҳазорон низомии рус дар ин кишвар дар рӯзҳои ахир шуд.

Русия 24 феврал амалиёти низомии вижа зидди Украинаро ба сурати расмӣ эълом ва хотирнишон кард, ки амалиёти ин кишвар дар Украина ба манзалаи шуруъи ҷанг нест балки иқдоме барои пешгири аз як ҷанг дар сатҳи ҷаҳонӣ аст.

  • Аммо бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ ва Амрико билофосила ин иқдоми Русияро ба унвони ҷанг зидди Украина маҳкум ва фишорҳои музоъафи дипломатӣ ва иқтисодии худ бар Русияро оғоз карданд.
  • Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Украина иддао кард, 11 ҳазор низомии рус дар 11 рӯзи амалиёти низомии Русия дар Украина кушта шуданд.

Ин дар ҳоле аст, ки Украина аз баёни талафоти низомиён ва ғайри низомиён дар ин кишвар то кунун худдорӣ карда аст.

Омори талафоте низомиён ва ғайри низомиёни рус ва украинӣ дар амалиёти низомии Русия дар Украина низ маъулм нест ва ҳар як омори мутафовите аз талафоти тарафи муқобил мунташир мекунад.

Омори авалия нишон медиҳад тақрибан 750 ғайринизомӣ ва 2 ҳазору 800 низомии украинӣ кушта шуданд ва бар асоси омори Вазорати дифоъи Русия, то рӯзи шанбе 498 низомии ин кишвар низ кушта шуданд.

Даргириҳо дар Киев ва дигар шаҳрҳои Украина ҳамчунон идома дорад ва ду даври музокироти сулҳ дар Беларусия дар ҳоли ҳозир натиҷаи амалӣ дар пай надошта аст.

 

Барчасп