Зеленский: Русия монеи хурӯҷи ғайринизомиён аз Украина мешавад
Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина артиши Русияро муттаҳам кард, ки монеъи хурӯҷи ғайринизомиён аз тариқи каридорҳои башардӯстонаи мавриди тавофуқи миёни ду тараф мешавад.
Дар пайи таҳаррукоти ахири Ғарб дар наздикии марзи Русия, Владимир Путин 24 феврал дар посух ба дархости кумаки низомии сарони ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск дар шарқи Украина, дастури амалиёти вижаи низомӣ дар минтақаи Донбассро содир кард.
Баъд аз он, ҷангандаҳо, тупхона ва сомонаҳои мушакии Русия, мавозеи низомии Украинаро ҳадаф қарор доданд.
Русия эълом кардааст, амалиёти ин кишвар дар Украина ба манзалаи оғози ҷанг нест, балки иқдоме барои ҷилавгирӣ аз як ҷанг дар густараи ҷаҳонист.
Ҳамзамон бо идомаи оташи ҷанг дар Украина, сели вокунишҳои ҷаҳонӣ ба ин руйдод ҳамчунон идома дорад ва фишорҳои дипломатӣ ва таҳдидҳо ва таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Русия дар ҳоли афзоиш аст.
Ба гузориши ИРНА, Зеленский дар як паёми видеоӣ гуфт: Нерӯҳои Русия масире, ки барои интиқоли дору ва ғизо ба шаҳри Мариупол интихоб шудаастро минагузорӣ кардаанд.
Вай иддао кард, ки нерӯҳои Русия автобусҳое, ки барои тахлияи ғайринизомиён дар назар гирифта шудаастро нобуд кардаанд.
Зеленский бо ин ҳол эълом кард, Киев ба музокира бо Русия идома хоҳад дод то як тавофуқи сулҳ бадаст ояд.
Сафири Украина дар Созмони милал низ эълом кард, ки Русия ҷилави чандин талош барои тахлияи ғайринизомиён аз атрофи шаҳрҳои Киев, Хорков, Доннтск ва Херсонро аз тариқи каридорҳои башардӯстона гирифтааст.
Сергей Кислитса, сафир ва намояндаи Украина дар Созмони милал дар нишасти асри душанбе ба вақти маҳаллии Шӯрои амнияти Созмон милал гуфт: Нерӯҳои Русия аз дастрасии созмонҳои байналмилалӣ барои ироаи кумакҳои башардӯстона ба манотиқи осебдида ҷилавгирӣ карданд.
Бештар бихонед: