Март 09, 2022 16:00 Asia/Dushanbe
  • Русия оташбаси каридори башардӯстона эълом кард

Русия субҳи чаҳоршанбеи 9 мартро рӯзи оташбаси каридори башардӯстона дар Украина эълом кард.

Чаҳордаҳ рӯз аз оғози ҷанги Русия ва Украина мегузарад.

Русия эълом кардааст, амалиёти ин кишвар дар Украина ба манзалаи оғози ҷанг нест, балки иқдоме барои ҷилавгирӣ аз як ҷанг дар густараи ҷаҳонӣ аст.

Вазорати дифои Русия рӯзи шанбеи 5 март низ оташбаси муваққат дар ду шаҳри Мариупол ва Волноваха барои хуруҷи сокинони ин шаҳрҳо аз маҳдудаи ҷангӣ эълом карда буд.

Аммо расонаҳои Русия эълом карданд, нерӯҳои украинӣ монеи хуруҷи мардум аз тариқи каридорҳои инсонӣ аз ин ду шаҳр мешаванд.

Хабаргузории русии «Спутник» бомдоди чаҳоршанбе афзуд, Русия омодаи ҳамкорӣ барои ироаи кумакҳои башардӯстона аз каридори эъломшуда ба Украина аст. Ин «режими оташбас» дар Украина аз соати 10 оғоз мешавад.

Русия бо номгузории ин иқдом ба «режими сукут» гуфт, омодаи ироаи каридорҳои башардӯстона аз теъдоде аз шаҳрҳои Украина, аз ҷумла Киев аст.

Ситоди ҳамоҳангии Федератсияи Русия бо интишори ин баёния эълом кард, бо вуҷуди ихлоли мудовим аз тарафи украинӣ барои боз кардани каридорҳои башардӯстона, Русия бо тавваҷуҳ ба вахомати авзои инсонӣ ба далели ифрот ва беқонунӣ аз сӯи миллигароён ва ҳамчунин ба манзури тазмини амнияти ғайринизомиён ва шаҳрвандони хориҷӣ иқдом ба барқарории ин каридор кардааст.

 

 

 

Барчасп