Лағви равобити тиҷории Амрико, "Гурӯҳи-7" ва Иттиҳоди Аврупо бо Русия
"Гурӯҳи-7" ва Иттиҳоди Аврупо ба баҳонаи ҷанг дар Украина равобити тиҷории оддии доимӣ бо Русияро лағв мекунанд.
Кишварҳои мухталифи ғарбӣ, аз ҷумла Амрико ва Британия дар пайи оғози ҳамлаи Русия ба Украина, илова бар ирсоли таслеҳот ба украиниҳо, таҳримҳои сангинеро алайҳи Маскав вазъ кардаанд.
Ба гузориши ИРНА, Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа иддао кард, лағви равобити тиҷории оддии доимии ин кишвар, "Гурӯҳи-7" ва Иттиҳоди Аврупо бо Русия бо ҳамоҳангии кишварҳои ҷаҳон, ки ниме аз иқтисоди дунёро ба худ ихтисос медиҳанд, анҷом мешавад.
Ҷо Байден муддаӣ шуд, Амрико, "Гурӯҳи-7" ва Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин иқдомоти зидди русии бештареро анҷом медиҳанд ва воридоти коло аз бахшҳои калидии Русияро мамнӯъ мекунанд.
Иқдомоти кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия дар ҳоле аст, ки Ғарб бовуҷуди ҳамаи ин иқдомот, воҳимаи онро дорад, ки ташдиди таҳрими Русия дар бахшҳои иқтисодӣ, бавижа бахши нафту газ шароити иқтисодии Аврупо ва бозорҳои ҷаҳонии энержиро беш аз пеш ба ҳам занад.
Бештар бихонед: