Ҳамлаи роҳзанон; 100 нафар дар Нигерия кушта шуданд
Ҳудӯди 100 нафар, аз ҷумла 19 сарбоз дар ҳамлаи гуруҳе аз роҳзанони мусаллаҳу террористҳо дар шимоли ғарби Нигерия, кушта шуданд.
Адамо Заро, як фармондеҳи нерӯҳои довталаб дар иёлати Кобе, ки аз мардуми Нигерия дар баробари ҳамалоти роҳзанони мусаллаҳу террористҳо муҳофизат мекунад, ба хабарнигори Эронпресс дар Нигерия гуфт, рӯзи ҷумъа аҷсоди бисёре дар ҷангали иёлати Кобе пайдо шудааст.
Ба гуфтаи вай, ҷустуҷӯ барои ёфтани аҷсоди бештар идома дорад.
Ин ҳамла чанд рӯзи пеш замоне рух дод, ки нерӯҳои довталаб дар минтақаи иёлати Кобе дар ҳоли гаштзанӣ буданд, ки ҳадафи ҳамлаи роҳзанони мусаллаҳу террористҳо қарор гирифтанд.
Артиши Нигерия ҳануз вокунише ба ин ҳамла нишон надодааст, аммо афсари равобити умумии полиси иёлати Кобе, кушта шудани ҳаддиақали 100 нафар дар ҳамлаи роҳзанони мусаллаҳу террористҳо ба иёлати Коберо таъйид кардааст.