Март 16, 2022 13:06 Asia/Dushanbe
  • Зеленский иброз дошт, бояд бипазирем, ки Украина наметавонад ба Созмони паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) бипайвандад
    Зеленский иброз дошт, бояд бипазирем, ки Украина наметавонад ба Созмони паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) бипайвандад

Владимир Зеленский раиси ҷумҳури Украина рӯзи сешанбе ҳамзамон бо аз саргирии даври чаҳоруми гуфтугӯҳо миёни музокира кунандагони Украина ва Русия дар суханони мутафовит аз гузашта изҳор дошт: Бояд бипазирем, ки Украина наметавонад ба Созмони паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) бипайвандад.

Раисиҷумҳурии Украина дар ҷараёни нишасте бо сарони кишварҳои узви "нерӯи эъзомии муштарак" Эътилофи низомӣ бо раҳбарии Британия , зимни абзори ноумедӣ аз пайвастани кишвараш ба НАТО тасреҳ кард: Солҳо шунидаем, ки дарҳо боз аст, аммо ҳамзамон шунидаем, ки наметавонем ба он ( паймони НАТО) бипайвандем. Ин ҳақиқат аст ва бояд ба расмият шинохта шавад.

Эътирофи дерҳангоми Зеленский ба адами имкони узвияти Украина дар НАТО дар ҳоле сурат гирифтааст, ки беш аз 20 рӯз аз амалёти низомии Русия дар Украина  мегузарад. Ин кишвар даргири ҷанги вайронгар шуда ва таҳаммули хисороти қобили мулоҳизаи инсонӣ ва вайронии зерсохтҳо шудааст. Тамоюли Украина барои пайвастан ба НАТО ки ҳатто дар қонуни асосиии ин кишвар ҳам гунҷонда шуда яке аз далоили муҳими Русия барои тадорук ва анҷоми ҳамлаи низомӣ ба ин кишвар будааст.

Сарони кишварҳои узви НАТО дар иҷлоси Бухорист дар соли 2008 дар ростои сиёсати густариши НАТО  ба Шарқ тасмими худ барои узвияти Украина ва Гурҷистон дукишвар дар ҳавзаи хориҷ наздик ба  Русияро элом карданд. Аз он замон ба баъд ин амр ба вижа узвияти Украина дар НАТО ба яке аз масоъили мавриди ихтилоф ва танишзо байни Русия ва НАТО табдил шудааст.

Ҳарчанд Украина дар замони раёсатҷумҳурии Виктор Юшенко раис ҷумҳури ғарбгарои ин кишвар ба шиддат мавзӯъи узвият дар НАТО-ро дунбол мекард, аммо бо рӯи кор омадани Виктор Янукович раисиҷумҳурии русгароӣ Украина, ин масала ба ҳолати таълиқ даромад. Бо ин ҳол пас аз таҳавуллоти соли 2014 ва барканории  Янукович ва рӯи кор омадани дубораи як давлати ғарбгаро дар Украина , масалаи узвияти ин кишвар дар НАТО  дар дастур кор қарор гирифт ва ҳатто ба унвони  мутамии қонуни асосии Украина ба тасвиб расид то намоёнгари азми Киев барои пайвастан ба  ниҳодҳои ғарбӣ бошад. Аз дидгоҳи сарони Украина таҳақуқи ин амр ба маънои гоми муҳим дар ростои ҳамгароии Украина дар блуки Ғарб ва низ эҷоди тазмини амнияти калиди дар муқобили таҳдидоти хориҷӣ ба вижа аз ҷониби Русия будааст.

Бо ин ҳоли сарони Украина амдан ин масалаи муҳимро нодида гирифтанд, ки бар асоси асноди болодасти амниятӣ ва низомии Русия, узвияти кишварҳои ҳавзаи хориҷи наздик аз ҷумла Украина дар НАТО ва истқрори нерӯҳо ва таъсисоти низомии ин Созмони низомӣ дар ҳамсоягии марзҳои ғарбии Русия, хатти қирмизи амнияти миллии Русия маҳсуб мешавад.

Маскав дар моҳҳои ахир борҳо дар қолаби пешниҳодоти амниятии худ ба НАТО ва Амрико хоҳони канор гузоштани масоили узвияти Украина дар НАТО шуда буд. Дархосте, ки бо мухолифатиҳои мукаррари Вашингтон ва НАТО мувоҷеҳ шуд. Мушавиқ ва ҳомии аслии узвияти Украина дар НАТО Амрико будааст. Бо ин ҳол дар дохили ин Эътилофи низомии иҷтимоӣ дар ин замина вуҷӯд надорад.

Амрико дар ростои ҳадафи калони худ яъне маҳори Русия хоҳони тавсиаи ҳар чӣ бештари НАТО ба сӯйи Шарқ  ва узвияти ҳамсоягони Русия ба вижа Украина дар ин паймон аст, аммо азои муҳими аврупоии НАТО ба вижа Олмон ва Фаронса дидгоҳи мусбате дар ин замина надоранд. Ин дукишвари муҳими аврупоӣ узви НАТО ки дар айни ҳол муҳимтарин азои Иттиҳодияи Аврупо низ маҳсуб мешаванд аз ин амр дар ҳарос буданд, ки Русия ба ин масъала вокуниши шаддид нишон хоҳад дод. Акнун бо ҳамлаи Русия ба Украина , ки вазъияти амниятии Аврупоро ба шиддат мутазалзил кардааст, ин ҳарос амалан муҳақақ шудааст. Зимни ин ки акнун бояд Украинаро бозандаи аслии ин бозӣ донист.

Михаил Ҳирш рӯзнманигор ва таҳлилгари амрикоӣ мегӯяд: Ҷудои аз ин, ки таҳоҷуми Путин ба Украина, ба ин зуди поён биёбад ё на, он чӣ қатъи аст идомаи нафрат ва бадбинии дерпоии раисиҷумҳурии Русия ба Амрико ва дигар кишварҳои аврупоӣ аст, ки  ба бовари вай ҳеҷ гузинаеро ҷуз афрӯхтани оташи як ҷанги таҳрик нашуда барояш боқи нагузоштанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп