Мусоҳибаи танишомези Эрдуғон бо шабакаи саҳюнистӣ баъд аз даҳ сол
(last modified Tue, 22 Nov 2016 12:45:24 GMT )
Ноябр 22, 2016 17:45 Asia/Dushanbe
  • Мусоҳибаи танишомези Эрдуғон бо шабакаи саҳюнистӣ баъд аз даҳ сол

Раисҷумҳури Туркия дар мусоҳиба бо шабакаи 2-и телевизионии режими саҳюнистӣ, ҷунбиши Ҳамосро як ҳизби машруи сиёсӣ ва ҷунбиши мустазъафин хонд, ки бояд бахше аз ҳаргуна тавофуқи сулҳ дар оянда бошад.

Ба иттилои хабаргузории Форс, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ки пас аз наздик ба 10 сол бо як шабакаи телевизионии режими саҳюнистӣ мусоҳиба мекард, изҳороти муҷрии ин шабакаро дар бораи террористӣ будани ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос рад кард.

Эрдуғон раёсати Маҳмуд Аббос бар ташкилоти худгардони Фаластинро бефоида тавсиф ва таъкид кард: Масъулияти шикасти музокироти сулҳи Фаластин-Исроил ба гардани режими саҳюнистӣ аст.

Раисҷумҳури Туркия бидуни ақибнишинӣ аз изҳороташ дар соли 2014, ки таҳоҷуми режими саҳюнистӣ алайҳи Ғаззаро ба иқдомоти ваҳшиёнаи Ҳитлер ташбеҳ карда буд, гуфт: Оё ҷомеаи яҳуд аз ончи, ки дар Ғазза рух дод ва ҳазорон нафар дар Ғазза ва Фаластин бомбборон шуданд, хабар дорад?

Эрдуғон ҳамчунин иддао кард, ки Туркия ва режими саҳюнистӣ ба ҳусули тавофуқе барои рафъи муҳосираи навори Ғазза наздик шудаанд ва чунин иқдоме оддисозии равобити Анкара бо ин режимро тасреъ мекунад.

Ӯ дар посух ба саволе дар бораи эҳтимоли истифодаи Ҳамос аз шароити рафъи ҳаср барои воридоти силоҳ гуфт, ин Исроил аст, ки алайҳи Ғазза аз силоҳ истифода мекунад ва ин Ҳамос нест, ки силоҳи ҳастаӣ дар ихтиёр дорад.

Эрдуғон тарҳи мамнуияти пахши азон дар сарзаминҳои ишғолиро шармовар ва тавҳиномез хонд ва афзуд: Исроил тақаддуси Қудсро зери по гузоштааст ва мехоҳад, вазъи феълии Масҷидулақсоро низ тағйир диҳад.

Ин мусоҳиба, ки қарор буд, намоде барои гармии бештари равобити Туркия ва режими саҳюнистӣ бошад, дар бархе мароҳил ба таниш кашида шуд батавре, ки Эрдуғон бо лаҳне тунд ба муҷрӣ ҳушдор дод, ки наметавонад ӯро бо маневр ба гушае биронад ва таҳти фишор қарор диҳад.

Режими саҳюнистӣ ва Туркия авосити тобистони гузашта тавофуқномае барои оддисозии равобити дипломатӣ имзо ва ҳафтаи гузашта низ пас аз 6 сол сафир мубодила карданд.