Март 28, 2022 14:53 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Зеленский барои эъломи бетарафии Украина

Раиси ҷумҳурии Украина аз омодагии худ барои эъломи бетарафӣ ба унвони бахше аз мусолиҳа бо Русия хабар дод.

Зеленский шомгоҳи якшанбе ва баъд аз нобуд шудани зерсохтҳои низомии Украина дар ҳамлаи Русия, муддаӣ шуд, Киев омода аст дар бораи эъломи вазъияти бетарафӣ ба унвони бахше аз тавофуқи сулҳ, бо Русия баҳс кунад.

Раиси ҷумҳурии Украина аммо гуфт, чунин тавофуқе бояд тавассути тарафҳои сеюм тазмин шавад ва ба ҳамапурсӣ гузошта шавад.

Зеленский дар як тамоси видеоии 90 дақиқаӣ бо хабарнигорон иддао кард, таҳоҷуми Русия боиси вайронии шаҳрҳои русизабон дар Украина шудааст.

Парлумони Украина ҳам дар баёнияе эълом кард, тибқи арзёбиҳои анҷомшуда то 24 март, яъне як моҳ ҷанг дар ин кишвар хисорате муодили 63 миллиард доллар ба зерсохтҳои Украина ворид кардааст.

Парлумони Украина дархост кардааст, ки ҳазинаи бозсозии зерсохтҳои Украина аз тариқи дороиҳои масдудшудаи Русия пардохт шавад.

 

Барчасп