Баргузории музокироти Русия ва Украина дар Истамбул; имрӯз
Даври ҷадиди музокироти Русия ва Украина субҳи имрӯз (сешанбе) дар Кохи раёсатҷумҳурии Туркия дар Истамбул баргузор мешавад.
Музокирот миёни Русия ва Украина токунун дастоварди зиёде надоштааст ва ҳар ду нисбат ба онҳо ибрози бадбинӣ кардаанд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, дафтари раёсатҷумҳурии Туркия рӯзи душанбе эълом кард, ки гуфтугуҳои миёни намояндагони Русия ва Украина имрӯз соати 10:30 дақиқа ба вақти Маскав баргузор хоҳад шуд.
Бар асоси эъломи дафтари раёсатҷумҳурии Туркия, ин дидор дар дафтари раёсатҷумҳурӣ дар Истамбул ва пушти дарҳои баста баргузор хоҳад шуд.
Владимир Мединский, дастёри раисиҷумҳури Русия раёсати ҳайати Русия дар гуфтугуҳо бо Украинаро бар ӯҳда дорад.
Бештар бихонед:
- Радди эҳтимоли оташбас дар замони музокироти Русия ва Украина аз сӯи Маскав
- Назари соҳибназарони тоҷик дарбора ҷанги Русия дар Украина