Март 31, 2022 13:23 Asia/Dushanbe
  • Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх тахмин задааст, ки 200 ҳазор нафар дар талош барои фирор аз Мариупол ҳастанд
    Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх тахмин задааст, ки 200 ҳазор нафар дар талош барои фирор аз Мариупол ҳастанд

Вазорати дифои Русия эълом кард, аз субҳи рӯзи панҷшанбе дар шаҳри бандарии Мариуполи Украина, ки дар муҳосира қарор гирифтааст, оташибас барқарор мекунад то имкони тахлияи ғайринизомиён фароҳам шавад.

Ба гузориши ИРНА, вазорати дифои Русия дар баёнияе эълом кард, барои муваффақияти ин амалиёти башардӯстона пешниҳод мешавад, ки ин иқдом бо мушорикати мустақими Комиссариёи олии паноҳндагони Созмони милал ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх анҷом шавад.

Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх тахмин задааст, ки 200 ҳазор нафар дар талош барои фирор аз Мариупол ҳастанд.

Русия дар моҳҳои гузашта бо ҳушдор дар бораи тавсеаталабии НАТО дар шарқи Аврупо, пешниҳодоти замонати амниятиро ба Амрико ва НАТО ироа дод, аммо ин пешниҳодот рад шуданд.

Ҳамзамон бо дархостҳои мукаррари Украина барои пайвастан ба НАТО ва дарёфти кумакҳои чандин миллиондолларии ин кишвар аз ғарбиҳо, ҳамлаи низомии Русия ба Украина аз 24 феврал ва бо дастури Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия оғоз шудааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп