Март 31, 2022 14:04 Asia/Dushanbe
  • Гутерриш: аз чор як ҳиссаи башарият имрӯз дар манотиқи даргир зиндагӣ мекунанд
    Гутерриш: аз чор як ҳиссаи башарият имрӯз дар манотиқи даргир зиндагӣ мекунанд

Дабири кулли Созмони милал гуфт, ҷаҳон аз соли 1945, ки ҷанги ҷаҳонии дувум ба поён расид, бо болотарин теъдоди даргириҳои хушунатбор мувоҷеҳ аст.

Ба гузориши Associated Press, Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид рӯзи чаҳоршанбе дар Комиссиюни сулҳи Созмони милал афзуд, ду миллиард нафар имрӯз дар манотиқи даргир зиндагӣ мекунанд.

Вай бо ишора ба даргириҳо дар Яман, Сурия, Мянма, Сӯдон, Гаитӣ, Соҳили Африқо ва Украина тасреҳ кард, ин фоҷеаҳо пояҳои назми байналмилалиро мутазалзил мекунад, аз марзҳо мегузарад ва мӯҷиби афзоиши сарсомовари қимати маводи ғизоӣ ва сӯхтӯд мешавад, ки фоҷеае барои кишварҳои дар ҳоли тавсеа аст.

Бино бар изҳороти дабири кули Созмони Милали Муттаҳид, соли гузашта 84 миллион нафар ба иллати даргирӣ, хушунат ва нақзи ҳуқуқи башар маҷбур ба тарки хонаҳои худ шуданд. Албатта ин шомили ҷанги Украина намешавад, ки ба гуфтаи ниҳодҳои Созмони милали мӯҷиб шудааст, токунӯн чаҳор миллионнафар аз кишвари худ бигурезанд ва 6.5 миллион нафар низ дар дохили кишвар овора шаванд.

Гутерриш бар асоси баровардҳои Созмони милал гуфт, имсол дастикам 274 миллион нафар ба кумакҳои башардӯстона ниёз хоҳанд дошт.

Бино бар эъломи дафтари умӯри башардӯстонаи Созмони милал, ин рақам ҳокӣ аз як афзоиши 17 дарсадӣ аз соли 2021 аст ва 41 миллиарддоллар барои 183 миллионнафаре, ки ба кумак ниёз доранд, ҳазина хоҳад дошт.

Бештар бихонед:

Барчасп