Маҳкум кардани «ҷинояти ҷанги» -и украиниҳо алайҳи асирони рус
https://parstoday.ir/tg/news/world-i83472-Маҳкум_кардани_ҷинояти_ҷанги_и_украиниҳо_алайҳи_асирони_рус
Дидабони ҳуқуқи башар аз мақомоти украинӣ хостааст то дар бораи «ҷиноёти ҷанги»-и эҳтимолӣ алайҳи асирони рус таҳқиқ кунанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 01, 2022 20:49 Asia/Dushanbe
  • Маҳкум кардани «ҷинояти ҷанги» -и украиниҳо алайҳи асирони рус

Дидабони ҳуқуқи башар аз мақомоти украинӣ хостааст то дар бораи «ҷиноёти ҷанги»-и эҳтимолӣ алайҳи асирони рус таҳқиқ кунанд.

Дар видеое, ки 27 март дар фазои маҷозӣ мунташир шудааст, сарбозони асири Русия аз ноҳияи по ҳадафи шиллики гулӯла қарор мегиранд ва кумаки пизишкӣ ҳам дар ихтиёри онҳо қарор намегирад.

Дар тасовири видеоии мунташиршуда сарбозони маҷруҳ аз сӯи афроди мусаллаҳе бозҷӯӣ мешаванд, ки бисёре аз онҳо бозӯбандҳои кабудранге, ки маъмулан тавассути воҳидҳои низомии украинӣ истифода мешавад, бастаанд.

Хабарнигорони хабаргузории Фаронса 28 март баъд аз ташхиси мавқеияти ҷуғрофиёии ин тасовир дар минтақаи Хоркев рафтанд ва аҷсоди ду сарбози руси раҳошуда дар вайронаҳои шаҳр ва ду ҷасади дигарро, ки дар чоҳ андохта шуда буданд, мушоҳида карданд.

Ба гузориши “Евронюс”, Дидабони ҳуқуқи башар дар баёнияе, ки асри панҷшанбе мунташир шуд, эълом кард, Дар сурати таъйид, зарбу шатм ва тирандозӣ ба пойҳои асирон, ин иқдом ҷинояти ҷангӣ маҳсуб мешавад.