Азсаргирии музокироти намояндагони Украина ва Русия
Дафтари раёсати ҷумҳурии Украина аз азсаргирии музокироти намояндагони ин кишвар ва Русия хабар дод.
Дафтари раёсати ҷумҳурии Украина ба нақл аз Михаил Подолёк, музокиракунандаи ин кишвар эълом кард, ки музокирот миёни намояндагони Украина ва Русия имрӯз - ҷумъа ба сурати маҷозӣ баргузор шуд.
Ин музокиракунандаи украинӣ ҷузъиёти бештаре дар ин робита ироа накардааст.
Музокиракунандагони Русия ва Украина сешанбеи гузашта низ дар Истанбули Туркия дидору гуфтугӯ карданд, ки Подолёк онро мусбат арзёбӣ карда буд.
Пеш аз ин Русия дар пайи музокироти рӯзи сешанбеи гузашта миёни ҳайатҳои намояндагии ин кишвар ва Украина дар Истанбули Туркия эълом кард, ки қасд дорад фаъолияти низомиёни худро дар шимоли Украина ба мизони қобили мулоҳизае коҳиш диҳад.
Музокироти Маскав ва Киев дар шароите аз сар гирифта шуд, ки Дмитрий песков, сухангӯи раёсати ҷумҳурии Русия имрӯз - ҷумъа эълом кард, ки ҳамлаи Украина ба як анбори сӯхт дар шаҳри Белгради Русия шароити роҳатӣ барои идомаи музокирот бо Украина эҷод накардааст.
Бештар бихонед: