Апрел 04, 2022 10:44 Asia/Dushanbe
  • Ин раванд на танҳо Украина ва минтақаро нобуд мекунад, балки бар ҷаҳон низ таъсири фаротар хоҳад дошт
    Ин раванд на танҳо Украина ва минтақаро нобуд мекунад, балки бар ҷаҳон низ таъсири фаротар хоҳад дошт

Бо гузашти беш аз як моҳ аз ҷанги Украина,таъсироти иқтисодии он шароитро барои бисёре аз кишварҳои аврупоӣ сахт кардааст ба тавре, ки Олмон бузургтарин иқтисоди Аврупо тайи ҳафтаҳои ахир болотарин нархи таварум тайи 30 соли гузаштаро таҷрӯба кардааст.

На танҳо Олмон балки бисёре аз кишварҳои аврупоӣ таҳти таъсири ҷанги Украина ва ба далели афзоиши қимати додаҳои энергия таваруми бесобиқаеро таҷрӯба мекунанд. Қимати гази табиӣ  ва маҳсулоти вобаста ба нефти хом тайи ҳафтаҳои ахир ба таври қобили таваҷҷӯҳе афзоиш ёфта ва таъсири бесазое на танҳо бар афзоиши нархи таварум доштааст балки рушди иқтисодии пешбини шуда барои бисёре аз кишварҳои Аврупоиро ҳам таҳти таъсир қарор додааст.

Бар асоси баровардҳои аввалия, таварум солона дар 19 кишвари минтақаи эвро аз 5.9 дарсад ба 7.5 дарсад афзоиш ёфтааст ва нархи ҷадиди таварум дар ин минтақа ба болотарин мизон аз соли 1997 расидааст.

Кристин Логерд раиси Бонки Марказии Аврупо (ЕСВ) дар бораи ин таварум гуфт: Таварум дар минтақаи евро таҳти таъсир се омили қимати болои энергия дар саросари ҷаҳон фишори   рӯ ба афзоиш  дар бахши маводи ғизоӣ ва маҳалҳои асли ва хоси тавлид қарор гирифтааст.

Бӯҳрони энергия дар Аврупо чолиши ҷадиди давлатҳои қораи сабз ба ҳисоб меояд. Даргириҳо дар Украина арзаи манобеъи энергия ва занҷираи таъминро дучори мушкил кардааст. Ихтилол дар арзаи манобеъи энергия аз Русия ба Аврупо ба далели идомаи даргириҳои Украина қимати ҷаҳонии газро ба болотарин мизони худ дар даҳаҳои гузашта расонда, ки паёмадҳои он бар иқтисодӣ минтақаи евро дар ҳоли намоён шудан аст.

Русия дар соли 2021 ҳудуди 55.5 доллар гази табиӣ ба кишварҳои дигаре дар саросари дунё содир кардааст ва акнун бо идомаи ҷанги Украина ва ҳимоятҳои кишварҳои ғарбӣ аз ин кишвар ҳамчунин эъмоли таҳримҳои густарда алайҳи Русия Владимир Путин раисиҷумҳурии Русия эълом кардааст, ки Маскав бобати фурӯши газ ба бархе аз  "кишварҳои ғайри дуст" рубл мутолиба хоҳад кард.

Ин тасмим шароитро барои кишварҳои аврупоӣ, ки ба энергияи воридоти вобаста ҳастанд сахтар хоҳад кард.

Олаф Шолтс садри азами Олмон дар ин замина мегӯяд: Дар сурате, ки воридоти энергия ба таври комил аз Русия мутавақиф шавад, Олмон бо паёмадҳои вахиме мувоҷеҳ хоҳад шуд ва бархе аз бахшҳои иқтисодии Олмон маҷбур хоҳанд шуд то ба таври комил фаъолияти худро мутавақиф кунанд.

Афзоиши таварум фақат  мухтаси кишварҳои узви Иттиҳодия Аврупо нест, балки Британия ва Амрико низ шароити душвори иқтисодиро таҷрӯба мекунанд. Тозатарин гузориши Дафтари омори миллии Британия баёнгари он аст, ки нархи таварум дар ин кишвар ба болотарин ҳад тайи наздик ба 30 соли гузашта расидааст.

Гронт Фитзнер узви аршади маркази омори миллии Британия дар ин замина гуфт: Қимати колоҳое, ки аз корхонаҳои Британия хориҷ мешаванд низ ба таври қобили таваҷҷӯҳе дар ҳоли афзоиш буда ва акнун ба болотарин нархи худ дар 14 соли гузашта расидааст. 

Ин шароит дар ҳоле аст, ки бархе кишварҳои аврупоӣ интихоботи раёсат ҷумҳуриро дар пеш доранд ва ташдиди мушкилоти иқтисоди ва шароити сиёсиро низ дар ин кишвар тағир дод.

Дар ин замина  Марин Ле Пен раҳбари Ҳизби Миллигароӣ ифротии таҷамуъи Милли ва аз номзадҳои интихоботии раёсат ҷумҳурии Фаронса дар Твиттер навишт: Ман тасмим гирифтаам бо барномае, ки барои кӯмак ба қудрати харид дорам, моҳиёна ба таври мутавасит 150 то 200 евро ба Фаронсавиҳо бозгардонам.

Гузоришҳои расми ҳоки аст таварум дар моҳи март дар Фаронса ба чаҳору ним дарсад расида, ки ноши аз афзоиши қимат энергия ва маводи ғизоӣ будааст.

Ба назар мерасад идомаи ҷанги Украина сабаби афзоиши беш аз пеш мушкилоти иқтисодӣ ва таварум дар кишварҳои аврупоӣ шавад чунон ки Девид Бисли мудири иҷроиии барномаи ҷаҳонии ғизо дар ин замина мегӯяд: Ин раванд на танҳо Украина ва минтақаро нобуд мекунад, балки бар ҷаҳон низ таъсири фаротар аз он чӣ тайи ҷанги ҷаҳонии дуввум дидаем хоҳад дошт.

Бештар бихонед:

Барчасп