Апрел 04, 2022 17:43 Asia/Dushanbe
  • Таъсисоти нефти Украина тахриб шуданд
    Таъсисоти нефти Украина тахриб шуданд

Яке аз аъзои порлумони Украина гуфт тақрибан ҳамаи таъсисоти бузурги нефт дар Украина ҳадафи ҳамалоти мушакӣ қарор гирифтанд.

Вячеслав Гладков, фармондори шаҳри Белгород дар Русия гуфт: Ду чархболи низомии Украина ба як махзани сухт дар ин минтақа ҳамла карданд.

  • Дмитрий Песков, сухангуи раёсати Ҷумҳурии Русия рӯзи ҷумъа дар ин бора, ки бомбаборони таъсисоти Русия тавассути Украина иқдоми ташдидомез ба шумор меояд, гуфт: Ин иқдом гоме нест, ки битавонад дар омодасозии шаройти муносиб барои идомаи гуфтугуҳо миёни Маскав ва Киев ба шумор ояд.
  • Ба гузориши коноли телегромии хабаргузори Спутник, яке аз аъзои парлумони Украина таваҷҷуҳи корбарони телеграмро ба ин мавзуъ ҷалб кард, ки тақрибан ҳамаи таъсисоти нефт дар Украина ҳадафи ҳамалоти мушакӣ қарор гирифтанд ва ахиран ду корхонаи бузурги полойши нефт воқеъ дар шаҳрҳои Кременчуг ва Одесса тахриб шуданд.

Ҷанги Русия ва Украина вориди чиҳилумин рӯзи худ шуд ва ҳамчунин даргириҳо идома дорад.

 

Барчасп