Ноябр 23, 2016 19:17 Asia/Dushanbe
  • Оғози сивудувумин нишасти Созмони ҳамкории исломӣ дар Туркия

Сивудувумин нишасти Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Истамбули Туркия оғоз ба кор кард.

Ба гузориши сайти Факт-хабар, сивудувумин нишасти Кумитаи доимии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонии Созмони ҳамкории исломӣ имрӯз (чаҳоршанбе) дар шаҳри Истамбули Туркия оғоз ба кор кард.

 Дар ин нишаст, ки бо суханронии Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия ифтитоҳ шуд, намояндагони 57 кишвари узв ва 5 кишвари нозир ҳузур доранд.

Кумитаи доимии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонии Созмони ҳамкории исломӣ яке аз кумитаҳои тахассусии Созмони ҳамкории исломӣ аст, ки дар соли 1981 ва бо тасвиби иҷлоси сарони кишварҳои узв ташкил шуд ва раёсату мизбонии ҷаласоти он ба Туркия вогузор шуд.

Кумитаи доимии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонии Созмони ҳамкории исломӣ маҷмае ҷиҳати табодули назар ва таҷрибиёти кишварҳои узв барои гирифтани мавзеи муштарак дар бораи мавзӯъҳои муҳими иқтисодии матраҳ дар сатҳи минтақаӣ ва байналамилалӣ аст.

 

Барчасп