Апрел 05, 2022 14:55 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии мардуми Британия аз афзоиши ҷурму ҷиноят

Тибқи натоиҷи назарсанҷии фош шуда, мардуми Британия аз афзоиши ҷурму ҷиноят дар ин кишвар нигарон ҳастанд.

Ба гузориши рӯзномаи «Гардиан», натоиҷи назарсанҷии фош шудаи вазорати кишвари Бритониё нишон медиҳад, мардуми ин кишвар аз фаровонии ҷурмҳо нигаронанд ва бо инки давлат, мудом аз мубориза бо ҷароим сухан мегуяд, афкори умумӣ нисбат ба ин нияти давлат, беэътимод аст.

Тибқи ин назарсанҷӣ, фақат аз се як ҳисаи мардум (ҳудӯди 35 дарсад) муътақиданд давлат метавонад бо ҷароим мубориза кунад.

Борис Ҷонсон, нахуствазири Британия муддаист, ки дар феврал, ҷароим 14 дарсад коҳиш доштааст.

Бар асоси ин назарсанҷии маҳрамона, 61 дарсади мардум мегӯянд, ҷароим афзоиш хоҳад ёфт ва 51 дарсад нигаронанд, ки худашон қурбонии ҷароим шаванд.

Мардум бавижа нигарони ҷароими хашин ҳамчун коркашӣ, қочоқ ва масрафи маводи мухаддиранд ва муътақиданд, имконоти лозим барои мубориза бо ҷароим, аз ҷумла нерӯи полис, вуҷӯд надорад.

Ба навиштаи манбаъ, аз замони рӯи кор омадани давлати муҳофизакор дар соли 2010 , токунӯн 20 ҳазор нафар аз нерӯҳои полис коста шудааст.

 

Барчасп