Ирсоли паҳподҳои интиҳории амрикоӣ ба Украина
(last modified Wed, 06 Apr 2022 12:27:00 GMT )
Апрел 06, 2022 17:27 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли паҳподҳои интиҳории амрикоӣ ба Украина
    Ирсоли паҳподҳои интиҳории амрикоӣ ба Украина

Манобеъи хабар аз ирсоли наздикҳангоми паҳподҳои интиҳории сохти Амрико ба Украина барои муқобила бо артиши Русия хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин паҳподҳо 50 пундӣ метавонанд 24 мойл парвоз карда ва ба муддати 40 дақиқа бар фарози ҳадаф парвоз кунанд. Ин паҳподҳои интиҳори бо истифода аз кулоҳакҳои махсус метавонанд як тонкро нобуд кунанд.

Хабари ҳадияи кумаки молӣ ба Украина тавассути Пентагон рӯзи ҷумъаи гузашта эълом шуд ва қарор аст паҳподи Суич Блид мустақиман аз ширкати созандаи мустақар дар Калифорния таҳия, на ин ки аз анбори артиши Амрико гирифта шавад. Ин паҳподҳо ҷудо аз бастаи 800 миллион долларии эъломшуда тавассути Кохи Сафед дар 16 март аст.

Ҷон Карби, сухангуи Пентагон низ дар мусоҳиба бо шабакаи Ал-Ҷазира гуфт: Вазъияти ояндаи ҷанги Украина равшан нест ва наметавон замони поёнро пешбинӣ кард.

Сухангуи Пентагон муддаъӣ шуд: Зеленскийро таҳти ҳеҷ фишоре қарор нахоҳем дод, балки ончи мо ба дунболи он ҳастем ин аст ҷанг бо ҳокимияти комили Украина поён ёбад.