Июл 26, 2016 17:21 Asia/Dushanbe
  • Ташдиди даргирӣ дар шимол ва ҷануби Яман

Бо тазъифи раванди музокироти сулҳ миёни гурӯҳҳои яманӣ, набардҳои майдонӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар ташдид шудааст.

Бар асоси гузоришҳо, дар набардҳои рӯзи душанбе миёни нерӯҳҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман, бо муҳоҷимони тарафдори Арабистон дар манотиқи марзӣ, дар устони шимолии Ҳаҷҷа, даҳҳо тан аз нерӯҳои Саудӣ ва муздӯрони ин кишвар кушта ё захмӣ шуданд.

Шараф Ғолиб Луқмон-сухангӯи артиши Яман, бо таъиди даргириҳои сангин дар манотиқи шимолии Яман, ки дар муҷовирати марзҳои Арабистон қарор дорад, гуфт, агар ҳамалоти душман коҳиш наёбад, мо даври ҷадиди ҳамалот алайҳи мавозеъи душмани ишғолгар ва муздӯрони онро дар дастури кор қарор хоҳем дод. Вай ҳамчунин гуфт, дар набардҳои ахир як болгард ва чанд дастгоҳ танк ва нафарбари нерӯҳои муҳоҷими Саудӣ, дар манотиқи марзии шимоли Яман, мунҳадим шудааст.

Дар ҳамин ҳол, вазорати дохилии Арабистон бо тайиди кушта ва захмӣ шудани даҳҳо тан аз нерӯҳои ин кишвар, дар даргирӣ бо нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман, дар минтақаи марзии Наҷрони ин кишвар, иддао кард, нерӯҳои Саудӣ бо кӯмаки нерӯҳои раисиҷумҳури мустаъфии Яман, як посгоҳи марзиро ба тасарруфи худ дар овардаанд.

Дар ҳамлаи ҳавоии мутаҷовизони Саудӣ ба устони Ҳаҷҷа, дар шимол ва Таъиз дар ҷануби ин кишвар, чанд ғайринизомӣ кушта ва маҷрӯҳ шуданд ва хисороте ба чанд хона ворид шуд. Бар асоси ин гузориш, дар даргириҳои заминӣ дар минтақаи Таъиз низ талафоте ба нерӯҳои дутараф ворид шудааст.

Ташдиди даргириҳо дар шимол ва ҷануби Яман дар ҳоле аст, ки гуфтугӯҳои сулҳ байни гурӯҳҳои даргир дар ин муноқиша, токунӯн натоиҷи малмӯсе надоштааст.

Кувейт-кишвари мизбони ин гуфтугӯҳо, ҳафтаи гузашта эълом карда буд, ки дар давоми 15 рӯза тарафайни музокиракунанда, ба тавофуқи чунончӣ сулҳ даст наёбанд, бояд ин кишварро тарк кунанд.

Бо ин ҳол Муҳаммад Абдусалом-раиси ҳайати музокиракунандаи Ҷумбиши мардумии Ансоруллоҳи Яман, дар музокироти Кувейт, гуфт, ин ҳайат ба назари Кувейт барои таъини муҳлати ду ҳафтаӣ, барои поён додан ба музокирот эҳтиром мегузорад, аммо назари Ансоруллоҳ ин аст, ки музокирот бояд тамдид шавад. Абдусалом фишори Риёз дар музокироти Кувейтро монеъи аслии пешрафти музокирот донист.  Ҳадафи аслии музокироти Кувейт, иҷмоъ дар бораи ташкили давлати ваҳдати миллӣ дар Яман аст, аммо ҳайати Риёз бо ташкили чунин давлате мухолифат мекунад.

Арабистон ҳамроҳи бархе кишварҳои арабии минтақа ва бо ҳимояти Амрико, аз марти 2015 ҳамалоти густардаеро ба Яман оғоз кардааст. Бар асари ин ҳамалот, токунӯн ҳазорон яманӣ аз ҷумла садҳо зану кӯдак, кушта ва захмӣ шудаанд ва хисороти сангине ба таъсисоти зербиноии ин кишвар ворид шудааст .