Апрел 07, 2022 20:57 Asia/Dushanbe
  • Дархости бархе аз кишварҳои аврупоӣ барои қатъи вобастагӣ ба сухти Русия
    Дархости бархе аз кишварҳои аврупоӣ барои қатъи вобастагӣ ба сухти Русия

11 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо, қатъи вобастагӣ ба сухт Русияро ба маҳзи имкон хостор шуданд.

Амрико ва кишварҳои ғарбӣ дар вокуниш ба ҳамлаи Русия ба Украина дар 24 феврали 2022 таҳримҳои иқтисодии густардаро зидди Маскав эъмол карданд.

Ин таҳримҳо дар ҳоле аст, ки Ғарб ба рағми ҳамаи ин иқдомот тарси онро дорад, ки ташдиди таҳримҳои Русия дар бахшҳои иқтисодӣ ба вижа бахши нефт ва газ шароити иқтисодии Аврупо ва бозорҳои ҷаҳонии энергетикаро беш аз пеш ба ҳам занад.

Ба гузориши хабаргузории Райтерс, 11 кишвари Иттиҳодияи Аврупо рӯзи панҷшанбе дар  як баёнияи муштарак эълом карданд: Кишварҳои узви ин Иттиҳодия бояд бо тасреъ дар гуфтугуҳои марбут ба сиёсатҳои ҷадид дар хусуси тағироти обуҳавоӣ, иқдомот дар ҷиҳати анҷоми ин пешниҳодҳоро раҳоӣ аз сухтҳои фусфулии Русия ба маҳзи имкон афзоиш диҳанд.

Ҳадаф аз пешниҳодҳо коҳиши 55 дарсадии интишори газҳои гулхонаии Иттиҳодияи Аврупо то соли 2030 дар муқоиса бо соли 1990 аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп