Пори-сан-жерман бузургтарин подоши таърих барои Килиан Имбаппе
Мақомоти бошгоҳи Пори-сан-жерман (PSG) ҳозир шуданд барои ҳифзи Килиан Имбаппе ва монеъ шудан аз интиқоли ӯ ба Реал маблағи зиёдиро ба унвони подош пешниҳод кунанд.
Қарордоди Килиан Имбаппе бо Пори-сан-жерман дар поёни фасли ҷорӣ ба итмом мерасад ва ин бозикун метавонад ба унвони бозикуни озод аз ин тим ҷудо шавад.
Пеш аз ин гуфа мешуд, ки ин миллипуши фаронсавӣ тасмими ниҳоии худро барои ҷудоӣ аз ин тим ва пайвастан ба Реал Мадрид гирифт, аммо ба назар мерасад, ки шаройт ба фоидаи PSG тағир карда аст.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонӣ "Варзиши Се" дар чанд рӯзи гузашта бисёри аз манобеъи фаронсавӣ ва афроди наздик ба Килиан Имбаппе аз эҳтимоли тамдиди қарордоди ӯ бо Пори-сан-жерман хабар доданд ва Имбаппе низ дар посух ба ин савол, ки оё эҳтимол дорад фасли оянда дар PSG ҳузур дошта бошед гуфт, ки гузинаи тамдиди қарордод бо PSG комилан ба эҳтимол наздик аст.
Дар ҳамин робита BBC имрӯз муддаъи шуд: Бошгоҳи Пори-сан-жерман ба Килиан Имбаппе пешниҳоди дусола ироа кард ва ҳозир аст дар сурати пазириши ин пешниҳод ба вай 180 миллион евра подош диҳад, ки бузургтарин подоши таърихи футбол ба як бозикун ҷиҳати тамдиди қарордод аст.
Маъоши 50 миллион евраи холис дар сол низ барои Килиан Имбаппе дар назар гирифта шуда аст, аммо бо ин ҳол BBC гузориш дод, ки барои Имбаппе ҳамчунон пайвастан ба Реал дар авлавият қарор дорад.
Дар мусоҳибаи ахир Килиан Имбаппе суҳбат аз матраҳ шудани параметрҳои ҷадид кард, ки тасмимгириро барои ӯ душвор кард, ки гуё манзур ҳамин подоши зиёди PSG буда аст.