Пештозии Макрон дар интихоботи Фаронса
Бар асоси натоиҷи аввалияи шумориши оро Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии кунунии Фаронса бо 28. 4 дарсади оро пештоз аст ва Марин Ле Пен, номзади ҳизби рости ифротӣ бо 23. 4 дарсад дар ҷойгоҳи дувум қарор дорад.
Даври нахусти интихоботи раёсати ҷумҳурии Фаронса рӯзи якшанбе дар саросари ин кишвар баргузор шуд.
Натоиҷи назарсанҷиҳо пойи сандуқ низ нишон додааст, ки Макрон ва Ле Пен ба даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар роҳ хоҳанд ёфт.
Жан Люк Меланшон, номзади чапҳо, ки бо касби 21 дарсади оро дар ҷойгоҳи сеюм қарор дорад, аз ҳаводоронаш хост, ки ба Ле Пен раъй надиҳанд.
Эрик Земмур, номзади ҳизби рости ифротӣ ва Николя Дюпон - ду номзади шикастхурдаи дигар низ аз Марин Ле Пен ҳимоят кардаанд.
Ҳамчунин аввалин назарсанҷии муассисаи фаронсавии IFOP дар бораи даври интихобот нишон медиҳад, ки Макрон дар даври баъдӣ бо касби 51 дарсади оро пирӯзи ниҳоии интихобот хоҳад буд.