Ноябр 24, 2016 18:45 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории чормиллиарддоллари аъзои ИДМ дар Дубай

Яке аз мақомоти иқтисодии Амороти Муттаҳидаи Араб аз сармоягузории 3.8-миллиарддолларии шаҳрвандони кишварҳои аъзои ИДМ дар Дубай хабар дод.

Дар тӯли се соли ахир сармоягузорон аз Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Узбакистон, Туркманистон, Беларусия, Қирғизистон ва дигар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштарак-ул-манофеъ дар Дубай 3.8 миллиард доллар сармоягузорӣ кардаанд.

Маҷид Рашид, яке аз мақомоти иқтисодии Амороти Муттаҳидаи Араб бо ишора ба ин ки дар маҷмӯъ, дар тӯли 3 соли ахир 6 ҳазор нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Дубай сармоягузорӣ кардаанд, афзуд, дар ҳоли ҳозир таваҷҷуҳи сармоягузорон аз кишварҳои русзабон ба манотиқи Амороти Муттаҳидаи Араб, бахусус шаҳри Дубай афзоиш ёфтааст. Ӯ гуфт, ироаи хадамот, осон будани тарзи зиндагӣ ва фаъолияти иқтисодӣ далели аслии ҳузури шаҳрвандони русзабон дар ин кишвар аст.

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созмон байнидавлатие аст, ки бархе кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Беларусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина дар он узвият доранд. Сармоягузории шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ, бавижа кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Дубай дар ҳолест, ки вақтҳои ахир Амороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ ҳамкориҳои худро бо кишварҳои ин минтақа афзоиш додаанд. Ба унвони мисол, сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи январ, ҳамчунин сафари чанде қабли Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон ба ин кишварҳои арабӣ далели ин гуфтаҳост.