Ҳадаф қарор гирфтани корвони низомии амрикоӣ дар Ироқ
(last modified Thu, 14 Apr 2022 08:20:20 GMT )
Апрел 14, 2022 13:20 Asia/Dushanbe
  • Бар асоси ин гузориш, ҳанӯз ҷузъиёте аз хисорат ё талафоти эҳтимолии ин амалиёт мунташири нашудааст
    Бар асоси ин гузориш, ҳанӯз ҷузъиёте аз хисорат ё талафоти эҳтимолии ин амалиёт мунташири нашудааст

Расонаи ироқӣ аз ҳамла ба як корвони низомии пуштибонии Амрико дар Бағдод хабар дод.

Ба гузориши Садои Хуросон , ба нақл аз рӯзи панҷшанбеи канали Телеграми СобиринНиюз , як корвони низомии пуштибони артиши амрикоӣ дар Бағдод пойтахти Ироқ бо истифода аз бомби канори ҷодаӣ мавриди ҳадаф қарор гирифт.

Бар асоси ин гузориш, ҳанӯз ҷузъиёте аз хисорат ё талафоти эҳтимолии ин амалиёт мунташири нашудааст.

  • Гурӯҳи ироқии Асҳоби Каф масъулияти ҳамла ба корвони пуштибони амрикоӣ дар бузургроҳи Алшаъла дар Бағдодро бар уҳда гирифт.

Гурӯҳҳои мухталифи ироқӣ борҳо эълом кардаанд, ки давлати Ироқ бо амал ба мусавибаи парлумони ин кишвар, бояд нерӯҳҳои бегонаро аз Ироқ ихроҷ кунад.

Пас аз мусавибаи парлумони Ироқ дар бораи хориҷ кардани низомиёни  бегона аз хоки ин кишвар корвонҳои  пуштипонии эътилофи амрикоӣ ба таври ҳафтагӣ ва гоҳе дар тули як рӯз чандбор ҳадафи инфиҷори бомби канори ҷодаӣ қарор мегиранд.

 

Бештар бихонед: