Апрел 14, 2022 14:15 Asia/Dushanbe
  • Вай ҳамчунин афзӯд, ки дар ҳоли ҳозир Киев нахоҳад рафт, ҳатто агар маҳдудитҳо аз ӯ бардошта шавад
    Вай ҳамчунин афзӯд, ки дар ҳоли ҳозир Киев нахоҳад рафт, ҳатто агар маҳдудитҳо аз ӯ бардошта шавад

Номзади интихоботии раёсати ҷумҳурии Фаронса бо баёни ин, ки қасд надорад ба Киев сафар кунад, гуфт: Нимҷазираи Қримро русӣ медонад.

Баъд аз мухолифати Марин Ле Пен, номазади интихоботии раёсати ҷумҳурии Фаронса бо эъмоли таҳрим бар воридоти энержӣ аз сӯи Русия, ӯ акнун пайвастани нимҷазираи Қрим ба Русияро ба расмият шинохт.

Ле Пен, ки барои рақобат бо Эммануэл Макрон ба даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ рафта, дар мусоҳиба бо як шабакаи телевизионӣ гуфт, ки нимҷазираи Қримро аз Русия медонад ва аз мамнуияти вуруди худаш ба Украина мутаасиф нест.

  • Ин раҳбари ҳизби ростгарои ифротӣ гуфт: Таърихро наметавон бознависӣ кард. Як ҳамапурсӣ дар Қрим баргузор шуд, Қрим 26 сол укранинӣ буд, қаблан русӣ буд ва мардум тасмим гирфтанд дубора бо Русия муттаҳид шаванд.

Вай ҳамчунин афзуд, ки дар ҳоли ҳозир Киев нахоҳад рафт, ҳатто агар маҳдудиятҳо аз ӯ бардошта шавад.

  • Бар асоси иттилооти ниҳоии Вазорати кишвари Фаронса, Макрон 27,84 дарсад оро ва Марин Ле Пен 23.15 дарсади ороро ба даст оварданд. Даври дуввум дар 24 апрел баргузор мешавад. 

 

Бештар бихонед:

Барчасп