Апрел 16, 2022 20:59 Asia/Dushanbe
  • Манъи вуруди нахуствазири Британия ба Русия
    Манъи вуруди нахуствазири Британия ба Русия

Маскав дар вокуниш ба таҳримҳои зиддирусии Британия вуруди нахуствазир ва вазирони давлати Британияро ба Маскав манъ кард.

Русия 24 феврал дар посух ба дархости мақомоти Донетск ва Луганскс дар шарқи Украина барои муҳофизат дар баробари ҳамалоти шиддатёфтаи неруҳои украинӣ, ҳамла ба Украинаро оғоз кард.

Британия дар ҳамоҳангӣ бо муттаҳидони ғарбӣ бо ҳадафи зарба задан ба иқтисоди Русия ба баҳонаи муҷозот дар қиболи ҳамла ба Украина, беш аз ҳазор фард ва ниҳоди вобаста ба давлати Русияро аз ҷумла дар саноъат аз қабили киштиронӣ, дифоъӣ ва нухбагони сармоядории наздик ба Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия таҳрим карда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Вазорати хориҷаи Русия имрӯз шанбе эълом кард вуруди Борис Ҷонсон, нахуствазир, Лиз Трос, вазири умури хориҷа, Бен Волс, вазири дифоъи Бристания ва 10 узви дигари давлат ва сиёсатмадорони ин кишвар ба Русияро мамнуъ карда аст.

Ин вазоратхона дар баёния тасреҳ кард, ин иқдом бо таваҷуҳ ба иқдомоти хасмона ва бесобиқаи давлати Британия ба вижа эъмоли таҳримҳо зидди мақомоти аршади Русия анҷом шуда аст ва ба зуди феҳратсро густариш хоҳад дод.

 

Барчасп