Посухи тунди русҳо ба иттиҳомоти ахири Амрико
(last modified Fri, 25 Nov 2016 13:39:42 GMT )
Ноябр 25, 2016 18:39 Asia/Dushanbe

Русия ба иттиҳомоти ахири Амрико ва баррасии қатъномаи зиддирусӣ дар порлумони Аврупо ба шиддат вокуниш нишон дод.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи радиои тоҷикӣ, ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия дар вокуниш ба иттиҳомоти ахири Амрико дар бораи ҳамлаи ҷангандаҳои русӣ ба аҳдофи ғайринизомӣ дар Ҳалаби Сурия ва низ баррасии қатъномаи зиддирусӣ дар порлумони Аврупо, аз мақомоти Кохи сафед хост, дар рӯзҳои охири умри давлати Абама, корномаи худро беш аз ин сиёҳ накунанд.