Афви Байналмилал: Иқдомоти режми Исроил алайҳи Фаластин ҷиноят алайҳи башарият аст
Афви Байналмилал режими Исроилро як режими опортоид (нажодпараст) тавсиф ва эълом кард, ки куштору шиканҷаи фаластиниҳо ва нақзи ҳуқуқи онҳо тавассути Исроил ҷиноят алайҳи башарият аст.
Ба гузориши “Русия Алявм”, ин созмон дар твитте навишт: Нажодпарастӣ танҳо бахше аз гузашта ва таърих нест, балки воқеияте аст, ки миллионҳо фаластинӣ ҳар рӯз дар сарзаминҳои Фаластини ишғолӣ онро таҷриба кардаанд ва то ба имрӯз идома дорад.
Ин созмон хотирнишон кард, ки тамоми гузоришҳои марбут ба қатлҳои фароқонунӣ, дастгириҳои худсарона, шиканҷаву муҷозотҳои дастаҷамъиро расад мекунад.
Афви Байналмилал таъкид кард: Режими опортойд ҷони як гуруҳро муҳимтар аз ҷони гуруҳи дигар медонад ва Исроил бо куштор, шиканҷа ва салби ҳуқуқи аввалияи фаластиниён ҳамчунон режими опортойд аст. Ин ҷиноят алайҳи башарият аст ва бояд хотима ёбад.