Баргузории роҳпаймоии Рӯзи Қудс дар Лондон
Ҳомиёни мардуми мазлуми Фаластин дар дифоъ ва пуштибонӣ аз фаластиниён ва эъломи хашму нафрат аз режими саҳюнистӣ, дар роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Лондон ширкат карданд.
Дар ин роҳпаймоӣ мухолифони режими саҳюнистӣ аз шаҳрҳои мухталиф, аз ҷумла Гласгоу дар Шотландия, шимолитарин нуқтаи Британия, Манчестер, Бирмингҳом Ватфорду Шеффиелд ва ҳамчунин шумори зиёде аз мусулмонони рӯзадор, гуруҳҳои мудофеи ҳуқуқи башару зиди ҷанг, хохомҳои яҳудӣ, фаъолони иҷтимоӣ ва ҳомии Фаластин ҳузур доштанд.
Роҳпаймоикунандагон асри якшанбе бо дар даст доштани парчами Фаластин, тасовире аз кӯдакони ба хоку хун кашида дар ҷиноёти режими саҳюнистӣ, дастнавиштаҳое дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин ва парчамҳои Лубнону Эрон, аз муқобили Вазорати кишвари Англия то муқобили дафтари нахуствазирии ин кишвар ба мақсади хиёбони Довнинг роҳпаймоӣ карданд.
Роҳпаймоикунандагон дар замони таҷаммуи муқобили Вазорати кишвари Англия ва ҳамчунин дар масири роҳпаймоӣ ва муқобили дафтари нахуствазирии Англия шиорҳои "Фаластин озод аст", "Марг бар Исроил", "Режими саҳюнистӣ террорист ва ишғолгар аст" ва "Муҳосираи Ғаззаро поён диҳед" сар доданд.