Апрел 30, 2022 21:00 Asia/Dushanbe
  • Николас Мадуро: Байтулмуқаддас масири иттиҳод миёни масеҳиён ва мусалмонон аст.
    Николас Мадуро: Байтулмуқаддас масири иттиҳод миёни масеҳиён ва мусалмонон аст.

Раиси Ҷумҳурии Венасуэла ба муносибани рӯзи ҷаҳонии Қудс бо ишра ба ин ки Байтулмуқаддас масири иттиҳоди миёни масеҳиён ва мусалмонон аст бар ҳимояти ин кишвар аз ормони миллати Фаластин таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Николас Мадуро раиси Ҷумҳурии Венасуэла дар суханронӣ аз тариқи канали давлатии Венасуэла гуфт: Имон моро муттаҳид мекунад, Байтулмуқаддас моро муттаҳид мекунад ва ин масири иттиҳоди миёни масеҳиён ва мусалмонон аст.

Раиси Ҷумҳурии Венасуэла афзуд: Бин бар ин имрӯз ҳимоят ва ҳамбастагии худро бо мардуми Фаластин, ормони Фаластин, миллатҳои мусалмон ва мардуме, ки барои озодияшон мубориза мекунандро тайид мекунам.

Мадуро борҳо сиёсати тавсеаталабонаи режими саҳюнистӣ дар Фаластинро маҳкум карда аст.

Венасуэла пештар дар баёнияи дар нишасти шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид, ки 25 апрел баргузор шуд низ нақзи ҳуқуқи башар дар ин кишвар тавассути режими саҳюнистӣ таъкид кард.

Хуокин Перз, муъовини намояндаи доими намояндагии Венасуэла дар Созмони Миллали Муттаҳид ҳамлаи Исроил ба Фаластинро маҳкум кард ва бар ҳимояти Венасуэла аз ин мардум дар ҷустуҷуи таъини сарнавишт таъкид кард.

Вазорати умури хориҷаи Венасуэла ҳафтаи гузашта низ дар баёнияи расмӣ ҳамлаи низомиёни режими саҳюнистӣ ба намозгузорони фаластинӣ дар Масиҷидул Ақсоро маҳкум кард.

Даргири миёни фаластиниён ва низомиёни саҳюнист дар Қудси ишғолӣ ва Каронаи Бохтарӣ аз ибтидои моҳи мубораки Рамазон ташиди шуд ва ҳамчунон идома дорад, дар тай ҳафтаҳои ахир даҳҳо нафар аз фаластиниён дар ин даргириҳо захмӣ ва ё шаҳид шуданд.

 

Барчасп