Май 02, 2022 10:55 Asia/Dushanbe
  • Лавров: Қасди тағйири низоми Украинаро надорем, ин дар тахассуси Амрикост

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия гуфт: Ҳадафи мо тағйири режими Украина нест ва ин кор тахассуси амрикоиҳост ва ин корро дар кишварҳои мухталифи дунё анҷом додааст.

Сергей Лавров дар гуфтугӯ бо шабакаи итолиёии «Медиа Сет» афзуд: Мо аз раиси ҷумҳурии Украина намехоҳем таслим шавад ва фақат мехоҳем дастури озодии ҳамаи ғайринизомиён ва поёни ҷангро содир кунад.

Вай баён кард: Владимир Зеленский агар бихоҳад, метавонад бо ин фармон сулҳро барқарор кунад.

Сергей Лавров гуфт, Амрико ҳамвора ба дунболи тағйири режимҳост ва дар саросари ҷаҳон ин корро кардааст.

Вай афзуд: Мо хостори амнияти мардум дар шарқи Украина ҳастем ва ин ки мавриди таҳдид қарор нагиранд ва амнияти Русия низ аз дохили хоки Украина таҳдид нашавад.

Вай дар бораи нигаронии Италия аз қатъи гази Русия гуфт, ин иттифоқи содаест, ки дар бораи касоне меуфтад, ки аз иқдомоти мо интиқод мекунанд ва моро маҳкум мекунанд.

Вазири хориҷаи Русия изофа кард, онҳо амволи моро дуздидаанду бурдаанд ва бахши зиёде аз ин амвол марбут ба баҳои нафту гази мо будааст.

Лавров гуфт: Ба далели ин ки ширкати Газпром маҷбур будааст амволи худро дар ҳисобҳое дар бонкҳои шумо захира кунад, ин дуздӣ осон шудааст.

Вай афзуд, онҳо хостанд Русияро муҷозот кунанд, ба ҳамин хотир амволи Русияро ғорат кардаанд.

Лавров изҳор дошт, акнун онҳо пешниҳод мекунанд, ки тиҷорат бо Русияро ба шеваи гузашта идома диҳанд ва ин гуна амволи Русия назди онҳо боқӣ мемонад ва ҳар вақт бихоҳанд дубора амволи моро дар ҷайбашон мегузоранд.

Вай изофа кард: Мо дар баробари миллати худ масъулем ва ҳақ надорем ба Ғарб иҷоза диҳем ба дуздияш идома диҳад.

Лавров афзуд: Мо рӯзи 9 майро монанди ҳамеша ҷашн мегирем ва аз касоне ки ба хотири озодсозии Русия ва ҷумҳуриҳои Шуравии собиқ ва озодии Аврупо аз тоъуни нозӣ ҷони худро аз даст доданд, ёд мекунем.

Лавров афзуд, раванди амалиёт дар Украина ба мизони коҳиши хатар нисбат ба ғайринизомиёну нозимёни рус бастагӣ доранд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп