Афзоиши қимати сабади нафтии ОПЕК дар бозори ҷаҳонӣ
(last modified Mon, 09 May 2022 10:15:46 GMT )
Май 09, 2022 15:15 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қимати сабади нафтии ОПЕК дар бозори ҷаҳонӣ

Қимати сабади нафтии Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) бо 2 доллару 21 сент афзоиш ба 113 доллару 4 сент расид.

Қимати ҳар бушка нафти брент (дарёи шимол) ба 113 доллару 4 сент расид. Баҳои ҳар бушка нафти вести Техас Итермедиэйти Амрико (WTI) низ 109 доллару 8 сент эълом шудааст.

Гуфта шудааст, қимати сабади нафтии ОПЕК дар поёни муомилоти 5 май дар муқоиса бо рӯзи кории қабл бо 2 доллару 21 сент афзоиш, ба 113 доллару 4 сент расид.

Бар асоси ин гузориш, сарони кишварҳои узви Гуруҳи Ҳафт (Англия, Олмон, Италия, Канада, Фаронса, Ҷопон, Амрико) дирӯз дар баёнияи муштараке мутааҳҳид шуданд ба тадриҷ вобастагӣ ба энержии Русия, аз ҷумла нафти ин кишварро қатъ кунанд.

Қимати нафт дар авоили соли ҷорӣ бо оғози амалиёти низомии Русия дар Украина ба болотарин рақам аз соли 2008 расид ва ба иллати нигаронӣ дар мавриди идомаи камии арза, ҳамчунон болои 100 доллар дар ҳар бушка мондааст.