Тирандозӣ ба самти кӯдакон дар Амрико +видео
Май 10, 2022 09:46 Asia/Dushanbe
Ду нафар дар иёлати Мэриленди Амрико ба самти гуруҳе аз кӯдакон аслиҳа кашиданд.
Полиси Амрико ба дунболи гумонбарони ҳодисаи тирандозӣ ба самти кӯдакон аст. Ду нафар дар иёлати Мэриленди Амрико ба самти гуруҳе аз кӯдакон тирандозӣ карданд. Дар ин ҳодиса ду кӯдак захмӣ шуданд. Баназар мерасад ҳадаф аз тирандозӣ, куштани фарди болиғе буд, ки дар миёни кӯдакон ҳузур дошт.