Баргузории бузургдошти Фирдавсӣ дар Покистон
(last modified Sun, 15 May 2022 12:11:52 GMT )
Май 15, 2022 17:11 Asia/Dushanbe
  • Баргузории бузургдошти Фирдавсӣ дар Покистон
    Баргузории бузургдошти Фирдавсӣ дар Покистон

Ҳамоиши Фирдавсӣ шоири ҳамосасароӣ бузурги Форс ба талоши Хонаи Фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Равалпиндии Покистон баргузор шуд.

Имрӯз якшанбе 25 урдибиҳишт дар тақвими миллӣ рӯзи бузургдошти ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ бузургтарин ҳамосасароӣ Эрон ва ҷоҳон номгузори шуда аст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо суханронон имрӯз якшанбе  ба муносибати солрӯзи бузургдошти ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ шоири ҳамосасарои эронӣ бо таҷлил аз Ҳаким Фирдавсӣ ба табйини нақши меҳварии вай дар эҳёи забон ва адабиёти форсӣ пардохтанд.

Устодони забони форсӣ ҳамчунин бар таваҷуҳи ҷидди бар тақвияти забони форсӣ дар Покистон таъкид кард ва эҳёи забони форсӣ дар ин кишварро заминасози ошноӣ насли ҷавон бо тамадуни бошукуҳи гузаштаи худ унвон карданд.

Фаромарзӣ Раҳмонзода, масъули Хонаи фарҳанг ва вобастаи фарҳангӣ сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Равалпинди бо баёни ҷойгоҳи бузурги ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар таърих ва адабиёти Эрон ва Ҷаҳон гуфт: Забони форсӣ илова бар Эрон дар бархе кишварҳои ҳамсоя забони расмӣ аст ва дар Покистон ва шибҳиқораи Ҳинд низ пешатр ба муддати 800 сол забони девонӣ буда аст.

Амир Ёсамин, раиси гуруҳи забон ва адабиёти форсии донишгоҳи Нумели Исломобод ҳам ба вазъияти забон ва адабиёти форсӣ дар донишгоҳи Покистон пардохту гуфт: Интихоби забони форсӣ ба унвони забони шеър аз сӯи алома Иқбол шоири миллии Покистон нишон аз муҳим будани ин забон аст.

Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ сухансароӣ номии Эрон ва сарояндаи шоҳномаи ҳамосаи миллӣ Эрон қарни чорум ва панҷуми ҳиҷрии қамарӣ аст.

Шуҳрати ҷаҳонии Фирдавсӣ ба хотири китоби Шоҳнома аст, ки ин шоири номии эронӣ сурудани онро аз даврони ҷавони оғоз кард ва сурудани Шоҳнома 30 тул кашида аст.