Май 17, 2022 19:43 Asia/Dushanbe
  • Песков: Русия дар амалиёти худ дар Украина пирӯз хоҳад шуд
    Песков: Русия дар амалиёти худ дар Украина пирӯз хоҳад шуд

Сухангуи кохи Кремлин зимни ишора ба маҳмубияти Владимир Путин байни ақшори мухталифи ҷомеъа ва ҳимоятҳои онҳо аз раҳбарии вай эълом кард, ки Маскав дар амалиёти дар Украина муваффақ хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргуозрии Риановсти, Дмитри Песков, сухангӯи Кремлин эълом кард Маскав мутмаин аст, ки Русия дар амалиёти вижаи низомӣ дар Украина пирӯз хоҳад шуд ва ба тамоми аҳдофи худ даст хоҳад ёфт.

Сухангӯи Кремлни дар ин бора гуфт: Мо мутмаин ҳастем, ки ҳамаи чиз хуб хоҳад буд, пирӯз хоҳем шуд ва ба тамоми ҳадафҳои худ хоҳем расид.

Песков афзуд: Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия медонад, ки кишварро ба куҷо мебарад ҳамаи мо мебинем, ки он чи навъи иҷтимоъи сиёсӣ аст ва раиси ҷумҳурӣ мо чи сатҳи аз ҳимоятро доро аст.

Ин дар ҳоле аст, ки ихтилофҳо дар миёни кишварҳои аврупоӣ танҳо ба таҳрими зидди Русия мунтаҳи намешавад ва ба делеи таҳаввулоти Украина Шветсия ва Финландия ба дунболи пайвастан ба эътилофи НАТО ҳастанд ва Туркия ҳам дар ин бора ибрози нигаронӣ карда аст.