Май 19, 2022 17:32 Asia/Dushanbe

Нишонаҳое аз беқарорӣ дар вазъияти ҷисмонии Владимир Путин дар мулоқот бо раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дида мешуд.

Ба гузориши Хабаронлайн ба нақл аз Нюсвик,ҳаракатҳои асабии Путин ҳини мулоқоти охир бо раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бори дигар ҷанҷолӣ шудаву гумоназаниҳои тозаеро дар хусӯси вазъияти саломатии ӯ матраҳ мекунад .
Дидори Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон- раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон рӯзи душанбе дар ҳоле баргузор шуд, ки раиси ҷумҳурии Русия дар ин мулоқот бисёр ноорому парешонҳол ба назар мерасид.
Дар тасовир ва ведиоҳои мунташиршуда Путин дар ҳини суҳбат пойҳои худро бо ҳолати аҷиб ҳаракат медиҳад ва ларзиши дасти рости ӯ низ ба хубӣ мушаххас аст .
Ин рафтори ғайриоддӣ эҳтимолан мавриди тавваҷуҳи Раҳмон низ қарор гирифт. Вақте ки Путин аз масоили амниятии Тоҷикистон суҳбат мекард, ангуштони пову пошнаҳои худро мечархонд.

 

Барчасп