Май 20, 2022 21:15 Asia/Dushanbe
  • Қарордоди

Муовини аввали намояндаи доими Русия дар Созмони Милал аз қарордоди кишварҳои ғарбӣ бо Украина дар хусуси муовизаи ғаллот бо силоҳ хабар дод.

Ҷанг дар Украина, ки аз 24 феврали 2022 оғоз шудааст, ба афзоиши қимати ғаллот, равғанҳои хӯрокӣ, сӯхт ва нуриҳои минералӣ мунҷар шудааст.

Русия ва Украина бо ҳам қариб як сеюм аз гандуми ҷаҳонро таъмин мекунанд.

Ҳамчунин Украина ба танҳоӣ бузургтарин ва аслитарин содиркунандаи зуррат (ҷуворимакка), ҷав, равғани офтобпараст ва Русияву Беларус ҳам беш аз 40 дарсад аз содироти ҷаҳонии путос (намаки тавлидӣ) -ро бар уҳда доранд.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Дмитрий Полянский, муовини аввали намояндаи доими Русия дар Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, кишварҳои ғарбӣ дар ҷараёни нишасти Шурои амнияти СММ қарордодеро бо Украина мабнӣ бар муовизаи ғаллот бо силоҳ матраҳ карданд.

Полянский афзуд, то кунун ҳеҷ кас дар бораи ин ки чӣ гуна таҳвили ин ғаллот амнияти ғизоии ҷаҳониро, ки кишварҳои ғарбӣ сирфан ба таври шифоҳӣ нигарони он ҳастанд, осон мекунад, тавзеҳе надодааст.

Дар ин миён Антониу Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ талош мекунад то бо миёнҷигарии як муомила, ки ба Украина иҷоза медиҳад содироти ғизоро аз сар бигирад ва тавлиди нуриҳои минералӣ ва ғизоии Русия барои бозорҳои ҷаҳонӣ эҳё шавад, вориди амал шавад.

Таваррум ва буҳрони иқтисодӣ дар кишварҳои аврупоӣ дар пайи густариши корона дар яке ду соли ахир ва ба вижа пас аз ҳамлаи Русия ба Украина ва эъмоли таҳримҳои зиёд алайҳи Маскав, бо тавваҷуҳ ба вобастагии Қораи Сабз ба ин ду кишвар дар таъмини сӯхту маводи ғизоӣ афзоиши чашмгире ёфтааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп