Имронхон ҳаводоронашро ба идомаи тазоҳурот фарохонд
Нахуствазири собиқи Покистон аз ҳаводоронаш хост то замони баргузории интихоботи парлумони ҷадид хиёбонҳои Исломобод пойтахти Покистонро ба нишонаи эътироз тарк накунанд.
Имронхон нахуствазири собиқи Покистон, ки дар августи 2018 ба қудрат расида буд апрели имсол бо райи адами эътимоди парлумон барканор шуд.
Имронхон, ки барканории худро тавтеа бо ҳимояти Амрико хонд борҳо аз артиш, полис ва ниҳодҳои амниятии кишвараш хост бо ҳифзи бетарафи монеъи баргузории тазоҳуроти мусолематомези тарафдоронаш нашаванд.
Ба гузориши хабаргузории Анатоли аз Карочи Имронхон дирӯз дар ҷамъи ҳаводоронаш дар Исломобод аз дархости худ барои ширкат дар интихоботи парлумони ҷадид хабар дод ва ҳамаи гуруҳҳо хост то дар таҷамуъи эътирози 25 май чоршанбе дар Исломобод ширкат кунанд.
Нахуствазири собиқи Покистон афзуд: Мо тазоҳуроти мусолематомез хоҳем дошт.
Эъломи таърих барои барҳам додани парлумон ва баргузории интихоботи ҷадид 2 хостаи Имронхон аз давлати ҷадид аст.