Байден ва рекорди нав дар камшудани маҳмубият
(last modified Tue, 24 May 2022 14:56:30 GMT )
Май 24, 2022 19:56 Asia/Dushanbe
  • Байден ва рекорди нав дар кам шудани маҳмубият
    Байден ва рекорди нав дар кам шудани маҳмубият

Натиҷаи назарсанҷиҳо дар Амрико аз шиддат гирифтани раванди кам шудани маҳбубияти Ҷо Байден, раиси Ҷумҳурии Амрико ҳикоят дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон натиҷаи назарсанҷиҳои муштараки Ниюз нейшн ва Дисеншн деск " NewsNation/Decision Desk HQ poll", ки рӯзи гузашта дар Амрико мунташир шуд баёнгари он аст, ки 57 дарсад аз райдиҳандагони амрикоӣ амалкарди Ҷо Байден, раиси ҷумҳуриро мавриди таъид қарор надод ва 40 дарсад низ ба шиддат аз амалкарди вай норози ҳастанд.

Ин дар ҳоле аст, ки танҳо 43 дарсад аз амалкади Байден то ҳудуди ризоят доранд.

Дар ҳамин росто торнамоӣ хабари Ҳил низ, ки ин назарсанҷиро пушиши хабари дод дар мавриди он навишт: Ин назарсанҷи нишонгари идомаи афзоиши маҳбубият надоштани Ҷо Байден аст, ки дар моҳи гузашта 53 дарсад эълом карда шуда буд.

Аз сӯи дигар охирин назарсанҷии муштараки муассисаи афкорсанҷии британяӣ Югов ва шабакаи хабарии амрикоӣ Си Эн Эн нишон медиҳад, ки бештари амрикоиҳо парешон ва нигарон буда ва бо тадовуми таварум ва камшудани шохисҳои бозорҳои саҳом ба шакли бесобиқа вазъияти иқтисоди дар давлати Байденро номусоид тавсиф  мекунанд.