Май 28, 2022 14:44 Asia/Dushanbe
  • Эъмоли фишори кишварҳои ғайридуст ба манзалаи таарруз ба Русия аст

Раисиҷумҳури Русия эъмоли фишор бар Русия тавассути теъдоде аз кишварҳои ғайридустро, навъе таҷовуз ва таарруз ба кишвараш тавсиф кард.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия рӯзи ҷумъа дар суханоне дар нишасти Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё эълом кард, мазиятҳои чархаи идғоми иқтисодӣ ва тиҷорӣ бавижа дар шароити душвори байналмилалии кунунӣ, дар мувоҷиҳа бо таҳоҷуми амалӣ аз сӯи теъдоде аз кишварҳое, ки бо мо дуст нестанд, машҳуд аст.

Путин афзуд, бисёре аз шарикони хориҷӣ бо вуҷуди рӯёрӯии Ғарб ва талошҳои он барои мамониат аз идғом, таваҷҷуҳи вижае ба Иттиҳодия иқтисодии Авруосиё доранд.

Вай хотирнишон кард, хурсандем, ки бо вуҷуди шароити сахти байналмилалӣ ва рӯёрӯии ҷамъии Ғарб ва бо вуҷуди инки душманони мо саъй дар эҷоди анвоъи монеатарошӣ барои ҳамгароии мо доранд, шарикони хориҷӣ тамоюли зиёде ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё доранд.