Русия 41 шаҳрванди дигари канадаиро таҳрим кард
(last modified Sat, 04 Jun 2022 13:48:23 GMT )
Июн 04, 2022 18:48 Asia/Dushanbe
  • Русия 41 шаҳрванди дигари канадаиро таҳрим кард
    Русия 41 шаҳрванди дигари канадаиро таҳрим кард

Русия дар вокуниш ба таҳримҳое, ки Канада зидди русҳо эълом кард, вуруди 41 шахсияти канадаӣ дигар ба хоки Русияро мамнуъ кард.

Аз замони оғози ҳамалаи Русия ба Украина 24 феврал кишварҳои ғарбӣ тамоми талоши худро ба кор гирифтанд то ба манзури аз байн бурдани Маскав дар ҷомеъаи байналмиллал аз анвоъи фишорҳо ва таҳримҳо зидди ин кишвар истифода кунанд.

Иттиҳодияи Аврупо рӯзи панҷшанбе 2 июн бастаи шашуми таҳримҳои густардаи худ зидди Русияро тасвиб кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, ин иқдом, ки раисони созмонҳои ҳомии нерӯҳои миллигароӣ ифроти дар Украина ва ҳамчунин мақомоти аршади низомиро шомил мешавад дар посух ба таҳримҳои ҷадиди зидди русии Канада итихоз шуда аст.

Канада 8 май таҳримҳоеро зидди Вазорати дифоъ ва мақомоти аршади низомии Русия эъмол кард.

Вазорати умури хориҷаи Русия бо интишори баёнияе эълом кард бисёри аз афроди таҳримшудаи аъзои созмонҳои ҳоми ва муртабит бо Украина ҳастанд. Беш аз 600 канадаӣ аз замони оғози таҳоҷуми Русия ба Украина аз вуруд ба Русия манъ шуданд.

Русия ҳамчунин дафтари истгоҳи радио ва телевизионии Канадаро дар Маскав таътил карда аст. Канада пештар беш аз ҳазорон фард ва ниҳоди Русия, Украина ва Беларусияро таҳрим карда аст.