Ноябр 28, 2016 19:25 Asia/Dushanbe
  • Размоиши кишварҳои узиви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Чин

Размоиши муштараки низомиёни Қазоқистон, Қирғизистон, Чин ва Русия ба муддати 6 рӯз дар минтақаи Син Кёнги Чин оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузори форс, Ярослав Рошупкин, дастёри фармондеҳи неруҳои низомии минтақаи марказии Русия дар ин хусус гуфт, неруҳои низомии ин 4 кишвар амалиёти муштаракро дар манотиқи кӯҳистонӣ оғоз хоҳанд кард.

Вай афзуд, ин тамринҳои низомӣ шомили бахшҳои мухталиф, тирандозӣ дар манотиқ кӯҳистонӣ, коркарди неруҳои вижа, афзоиши маҳорат дар тирандозӣ, хумпора андозҳо ва мушакҳои зиддитонк хоҳанд буд.

Нахустин тамрини муштараки низомёни кишварҳои узви ин созмон дар соли 2003 дар 2 марҳала, дар пойгоҳҳои омӯзиши Қазоқистон ва Чин баргузор шуд. 

Тоҷикистон,Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон узви Созмони Ҳамкории Шанхай ҳастанд.