Анкара мизбони нишасти вузарои хориҷаи Туркия, Туркманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон
(last modified Mon, 06 Jun 2022 08:27:49 GMT )
Июн 06, 2022 13:27 Asia/Dushanbe
  • Анкара мизбони нишасти вузарои хориҷаи Туркия, Туркманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон

Нишасти вузарои умури хориҷаи Туркия, Туркманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар Анкара баргузор мешавад.

Ба гузориши “Форс”, қарор аст нишасти вузарои хориҷаи Туркия, Туркманистон ва Озарбойҷон имрӯз душанбеи 6 июн дар Анкара баргузор шавад.

Ин матлабро рӯзномаи “Дейли Сабоҳ”-и Туркия, ба нақл аз Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷаи Туркия мунташир кард, ки дар он омадааст: Рӯзи душанбе дидоре сеҷониба байни Човушуғлу, Ҷайҳун Байрамов, ҳамтои озарбойҷонӣ ва Рашид Муродов аз Туркманистон баргузор хоҳад шуд.

Дастури кори музокироти сеҷониба густарда аст, аммо коршиносон муътақиданд энержӣ ҷойгоҳи муҳиме дар ин гуфтугӯ хоҳад дошт. Ишқобод, Анкара ва Боку алоқаманд ба густариши ҳамкориҳо дар ин замина ҳастанд.

Нишасти қаблии сеҷонибаи вазирон дар феврали 2021 баргузор шуд.