Июн 06, 2022 13:43 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли сомонаи мушакии Британия ба Украина

Вазири дифои Британия эълом кард, ин кишвар сомонаҳои мушакӣ бо бурди 80 километр ба Украина ирсол мекунад.

Кишварҳои аврупоии ҳамсӯ бо Амрико ба ҷои танишзудоӣ, рӯйкарди таҳдиду таҳримро алайҳи Русия дар пеш гирифтаанд ва иқдом ба ирсоли таслеҳот барои Украина кардаанд.

Бен Валас, вазири дифои Британия эълом кард, сомонаҳои ракетии чандпартобии «M270» ба Украина ирсол хоҳад шуд, ки метавонанд аҳдоферо то фосилаи 80 километрӣ ҳадаф қарор диҳанд.

Валас гуфт, ин сомонаҳои мушакӣ бо қобилияти партоби чандгона ба дӯстони украинии мо ин имконро медиҳад то беҳтар аз худ дар баробари истифода аз тӯпхонаи дурбурд муҳофизат кунанд.