Июн 08, 2022 11:50 Asia/Dushanbe
  • Манъ шудани мақомоти ҳизби ҳокими Ҳинд аз баёни изҳороти мазҳабӣ

Ҳизби ҳокими Бҳаратия Ҷанатаи Ҳинд мақомоти ин ҳизбро аз баёни изҳороти мазҳабӣ (динӣ) манъ кард.

Ин иқдом дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта ду тан аз мақомоти ҳизби ҳокими Ҳинди “Bharatiya Janata” дар як мунозираи телевизионӣ изҳороти тавҳиномезе алайҳи паёмбари Ислом (с) ба забон оварданд, ки эътирозоти минтақаӣ ва байналмилалӣ зидди Деҳлии Навро ба дунбол доштааст.

Ҳарчанд ҳизби ҳокими Ҳинд "Бҳаратия Ҷаната" бо чанд рӯз таъхир, рӯзи якшанбе узвияти Нупур Шарма, сухангӯи ин ҳизб ва Навин Кумар Ҷиндал, масъули расонаии ҳизб дар Деҳлии Навро таълиқ ва эълом кард, ба муқаддасоти ҳамаи адён эҳтиром мегузорад, аммо эътирозот ба масъулони ҳиндӣ ҳамчунон идома дорад.

Ба гузориши ИРНА, ҳизби ҳокими “Баҳратия Ҷаната” -и Ҳинд дирӯз сешанбе феҳристи 38 нафара аз мақомоти аршади худ, ки пеш аз ин изҳороти иҳонатомез мунташир карда будандро таҳия карда ва онҳоро аз ҳар гуна изҳори назаре, ки эҳсосоти мазҳабиро ҷариҳадор мекунад, манъ кардааст. Ҳизби ҳокими Ҳинд дар дастуруламале ба ҳамаи мақомоти аршади ин ҳизб, аз онҳо хост, изҳороте, ки эҳсосоти мазҳабиро ҷариҳадор мекунад, нагӯянд.

Ин иқдоми тавҳиномез эътирози кишварҳои минтақа ва байналмилалиро ба дубнол доштааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп