Июн 10, 2022 19:27 Asia/Dushanbe
  • Идомаи эътирозот дар Покистон зидди иҳонаткунандагон ба паёмбари Ислом (с)

Мардуми шаҳрҳои мухталифи Покистон, аз ҷумла Исломобод, пойтахти ин кишвар бо баргузории тазоҳуроти густарда, иҳонати мақомоти ҳизби ҳокими Ҳинд ба паёмбари Ислом (с)-ро маҳкум карданд.

Ҳафтаи гузашта ду тан аз мақомоти ҳизби ҳокими Ҳинд (Бҳаратия Ҷоната) дар як мунозираи телевизионӣ изҳороти тавҳиномез алайҳи паёмбари Ислом (с) ба забон оварданд, ки эътирозоти минтақаӣ ва байналмилалӣ зидди Деҳлии Навро ба дунбол доштааст.

Ҳарчанд ҳизби ҳокими Ҳинд бо чанд рӯз таъхир узвияти Нупур Шарма, сухангӯи ин ҳизб ва Навин Кумар Ҷиндал, масъули расонаии ҳизб дар Деҳлии Навро таълиқ ва эълом кард, ба муқаддасоти ҳамаи адён эҳтиром мегузорад, аммо эътирозот ба масъулони ҳиндӣ ҳамчунон идома дорад.

Шаҳрҳои Исломобод, Ровалпинди, Лоҳур, Пешовар, Ҳайдаробод, Карочӣ, Мултон, Файсалобод, Музаффаробод ва Кувайтаи Покистон имрӯз - ҷумъа шоҳиди баргузории тазоҳурот алайҳи беҳурматӣ ба ҷойгоҳи муқаддаси паёмбари аъзам (с) буд ва ҳамчунин намояндагони парлумони ин кишвар дар Исломобод то маҳалли сафорати Ҳинд роҳпаймоӣ карданд.

Намояндагони маҷолиси миллӣ ва сенати Покистон ба раҳбарии руасои порлумонӣ дар ин роҳпаймоӣ ба изҳороти ахири ду мақоми ҳизби ҳокими Ҳинд эътироз карданд.

Муҳаммадсодиқи Санҷаронӣ, раиси маҷлиси сенати Покистон дар суханронӣ муқобили сафорати Ҳинд дар Исломобод гуфт, ҳазрати расулуллоҳ (с) муҷиби раҳмат на фақат барои мусулмонон, балки барои кулли ҷаҳон ҳастанд ва беҳурматӣ ба мақоми нуронии эшон илова бар мусулмонон, барои дигар адёни илоҳӣ низ дарднок аст.

Санҷаронӣ афзуд, мусулмонони ҷаҳон алайҳи исломситезӣ муттаҳид ҳастанд ва мо аз ҳукумати Ҳинд мехоҳем, ки хеле фаврӣ зимни муҳокимаву муҷозоти тавҳинкунандагон ба муқаддасоти исломӣ, ба сурати расмӣ узрхоҳӣ кунад.

Ҳаводорони аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла Ҷамоати исломӣ, Ҷамъияти уламои ислом ва гуруҳҳои мазҳабии шиаёни Покистон низ имрӯз пас аз иқомаи намози ҷумъа бо баргузории роҳпаймоӣ, исломситезӣ дар Ҳинд ва иқдомоти таҳрикомез алайҳи эътиқодот ва боварҳои мусулмононро маҳкум карданд.

Иқдоми тавҳиномез ба паёмбари акрам (с) эътирози кишварҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Эрон, Покистон, Уммон ва Қатару Афғонистонро ба дунбол доштааст.

 

Барчасп