Июн 12, 2022 11:09 Asia/Dushanbe
  • Сарнагунии 3 ҷангандаи Украина тавассути падофанди ҳавоии Русия

Вазорати дифои Русия аз сарнагунии 3 ҷангандаи Украина тавассути падофанди ҳавоии Русия дар як рӯз хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазорати дифои Русия эълом кард ягонҳои падофанди ҳавоии ин кишвар ду ҷангандаи МиГ - 29 дар вилояти Миколаеви Украина ва як ҷангандаи Су - 25 дар вилояти Харкови ин кишварро сарнагун карданд .
Вазорати дифои Рӯсияи рӯзи ҷумъаи ҳафта гузашта гуфта буд 11 анбори силоҳро мунҳадим карданд ва беш аз 350 миллигарои украинӣ кушта шуданд .
Ин вазоратхона рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта аз нобудии беш аз 1500 ҳавогарди Украина шомили ҷанганда,чархбол ва паҳпод аз замони оғози амаляти низомии Русия дар Украина то кунун хабар дода буд .
Аз замони оғози амалиёти низомии Русия дар Украина то кунун неруҳои рус дар маҷмӯъ 195 ҳавопаймо, 130 чархбол, 1168 паҳпод, 336 сомонаи мӯшаки зиддиҳавоӣ, 3 484 танк ва дигар худравҳои зиреҳӣ, 499 мӯшакандози чандгона,1843 қабза туп ва хумпора ва ҳамчунин 3528 худрави низомии вижаро нобуд кардаанд .

 

Барчасп