Июл 27, 2016 11:59 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 16 рӯзноманигор ба иттиҳоми ҳимоят аз кудато дар Туркия

Дар пайи кудатои нофарҷоми ахир дар Туркия ва дар идомаи фишорҳо алайҳи мухолифон, нерӯҳои амниятии ин кишвар 16 рӯзноманигорро боздошт кардаанд ва ин дар ҳолест, ки то кунун барои 42 хабарнигор дар ин кишвар дастури боздошт содир шудааст.

Нерӯҳои амниятии Туркия 16 рӯзноманигорро ба иттиҳоми ҳимоят аз кудатои нофарҷоми 15 июл боздошт карданд.

Ба гузориши пойгоҳи интерентии бурунмарзии Садо ва Симо, ин афрод ҷузви 42 рӯзноманигор ва хабарнигоре ҳастанд, ки Додситонии Туркия дастури боздошти ононро содир кардааст.

Назли Элийҷок, рӯзноманигор ва нависандаи маъруфи Туркия яке аз боздоштшудагон аст, ки пас аз дастгир шудан, барои бозҷӯӣ ба Истанбул интиқол ёфт.

Туркия 15 июл шоҳиди талоши бахше аз низомиёни ин кишвар барои кудато алайҳи давлати Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии ин кишвар буд, ки ба натиҷа нарасид ва шикаст хурд.

Дар пайи ин кудато, давлати Туркия барои 42 хабарнигор дар ин кишвар қарори боздошт содир кардааст.

Пас аз кудатои нофарҷом дар ин кишвар, давлати Туркия ҳамчунон ба иқдомоти худ дар саркӯби мухолифон идома медиҳад.

Давлати Эрдуғон то кунун беш аз 50 ҳазор низомӣ, полис, қозӣ, кормандони давлатӣ ва муаллимонро аз кор барканор ва ё боздошт кардааст.

Барчасп